Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтааст, ки ин ҳамлаи интиҳорӣ тақрибан соати шашу бист дақиқаи субҳ дар наздикии яке аз пойгоҳҳои НАТО дар шаҳри Ҷалолобод анҷом шудааст.
Ба гузориши хабаргузории СНН, ҷунбиши Толибон масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифта онро амали интиқомҷӯёна алайҳи Қуръонсӯзӣ хондааст. НАТО эълом кардааст, ки нерӯҳои ин созмон дар ин ҳамла осеб надидаанд.
Ҳафт рӯз пас аз сӯзонидани чанд нусхаи Қуръони карим дар пойгоҳи ҳавоии Багрои Афғонистон мегузарад. Дар ин муддат эътирозҳои гуногун шакл гирифта ва мақомоти низомии амрикоӣ ва раиси ҷумҳури ин кишвар ба таври расмӣ дар ин робита узрхоҳӣ кардаанд.
Толибон аз мардуми Афғонистон хостаанд, тамоми нерӯҳои ғарбӣ дар ин кишварро мавриди ҳамла қарор бидиҳанд. Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, дар миёни эътирозкунандагони рӯзи якшанбе дар Қундуз, бархе аз роҳпаймоён парчамҳои Толибонро дар даст доштанд.
Рӯзи шанбе ҳам дар бинои вазорати умури дохилии Афғонистон тирандозӣ сурат гирифт, ки бар асари он ду афсари амрикоӣ кушта шуданд. Пулиси Афғонистон мегӯяд, таҳқиқотро идома дода ва то ин лаҳзаҳо муайян шудааст, ки Абдулсабури 25-сола, корманди амниятии пулис яке аз омили ин куштор буд ва аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Вазорати умури хориҷии Афғонистон дар баёнияе эълом кардааст, ки фарди ёдшуда таҳти таъқиб қарор дорад. Ба дунболи ҳамлаи рӯзи шанбе дар вазорати умури дохилии Афғонистон, НАТО тамоми нерӯҳои худро аз вазоратҳои Афғонистон фаро хонд.