Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиёи Миёна дар интизори бозгашти ВВП?


Баёнияҳои бархе номзадҳо дар Русия элитаи Осиёи Миёнаро ба андешае водоштааст, ки интихоби Путин бештар ба нафъи минтақа аст.

Досим Сатбоев, коршиноси қазоқ, мегӯяд, ки агар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаққи раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русияро медоштанд, ҳатман аз Владимир Путин ҷонибдорӣ мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, ин раҳбарон хуб медонанд, ки Путин баъд аз пирӯзӣ сиёсати феълии Русия, аз ҷумла, дар қиболи Осиёи Марказиро идома хоҳад дод, зеро ин сиёсат замони раёсати худи ӯ таҳия шуда буд. Аз сӯи дигар, раҳбарони минтақа солҳо боз Путинро мешиносанд ва ӯро назар ба дигар номзадҳо “бештар пешгӯишаванда” мехонанд.

Далели дигар, аз нигоҳи Досим Сатбоев, он аст, Владимир Путин чун аксар раҳбарони худкомаи Осиёи Марказӣ “амвоҷи либералӣ”-ро қабул надорад. “Яъне, бо назардошти он, ки бештари сарони Осиёи Марказӣ мустабиданд, шояд ба истиснои Қирғизистон, ки он ҷо ба гунае ислоҳоти сиёсӣ идома дорад ва барои кишварҳои худкома, Путин таҷассумгари ҳукумати қавӣ, аз ҷумла, ҳукумати қавии президентӣ бо нишонаҳои худкомагист, раҳбарони Осиёи Марказӣ Путинро дар баробари номзадҳои мухолифин, ба истилоҳ, “одами худӣ” меҳисобанд.”

Досим Сатбоев меафзояд, далели сеюм он аст, ки сарони Осиёи Марказӣ хостори низои ҷиддии сиёсӣ ва бенизомиҳо дар Русия нестанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо хуб мефаҳманд, ки хушунату низоъ дар Русия тарҳҳои ҳамкориҳои Русияву Қазоқистон дар чаҳорчӯби қаламрави ягонаи иқтисодӣ, буду боши миллионҳо муҳоҷиронии кории Узбакистону Тоҷикистон дар Русия ва вуруди сармояи Маскав барои эҳёи иқтисоди Қирғизистонро ба мушкил рӯбарӯ хоҳад кард.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо, раиси маркази таҳқиқоти сотсиологии тозатаъсиси мавсум ба “Бозтоб” низ мегӯяд, ки элитаи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ бидуни шубҳа, мунтазири бозгашти Владимир Путин ба мақоми олии Русия аст. Ба гуфтаи ӯ, чаҳор сол пеш маҳз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов раҳбари вақти Русия Владимир Путинро барои тағйири Қонуни асосӣ ва бори саввум дар интихоботи президентӣ ширкат кардан талқин мекарданд.

Аз нигоҳи мусоҳиби мо, чаҳор соли раёсати Дмитрий Медведев, Осиёи Марказиро бо Маскав наздиктар накард, баръакс робитаи баъзе кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон бо Русия сардтар шуд. Манзур, албатта, ҳамон қазияи халабонҳои дар Тоҷикистон маҳкумшуда аст, ки боиси хашму ғазаби Маскав гардид ва мақомоти Русия фишору таъқиби бесобиқаи тоҷиконро шурӯъ карданд.

Ва аммо оё баъди дубора дар маснади президентӣ нишасти Путин сиёсати Маскав дар қиболи Осиёи Марказӣ тағйир хоҳад кард? Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таъриху сиёсати Маскав мегӯяд, ки дар ин самт тағйироти ҷиддиро набояд интизор шуд.

Ва аммо, ба гуфтаи ӯ, Владимир Путин бояд он воқеиятеро бипазирад, ки вазъ дар ҷаҳон ва аз ҷумла, дар Осиёи Марказӣ тағйир кардааст: “Путин бояд дар мавриди будубоши пойгоҳҳои низомии Русия дар Қирғизистону Тоҷикистон бо мақомоти Бишкеку Душанбе вориди музокирот шавад, ба вижа, ки дар ҳама кишварҳои Ҷомеаи ҳамсуд қимати иҷораи пойгоҳҳои низомӣ боло рафтааст.”

Ӯ иқрор мекунад, ки ин гуфтушунидҳо осон нахоҳанд буд. Аз сӯи дигар, меафзояд ӯ, Маскав талош хоҳад кард то робитаҳои кишварҳои минтақа бо ИМА ва НАТО-ро маҳдудтар созад, зеро “рӯшан аст, ки Кремл аз мустақилона тасмимгириҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масоили низомӣ сахт нигарон аст.”

Досим Сатбоев, таҳлилгари қазоқ
Досим Сатбоев, таҳлилгари қазоқ
Таҳлигар Досим Сатбоев дар робита ба чанд изҳороти дар охирин рӯзҳои таблиғот пахшнамудаи номзадҳо Михаил Прохоров ва Владимир Жириновский оиди ҷорӣ кардани раводид бо Осиёи Марказӣ ва аз Русия рондани ҳама муҳоҷирони кории узбаку тоҷику қирғиз мегӯяд, ки ин ду номзад бо пахши ин гуна эъломияҳои пур аз эҳсос ба боло рафтани рейтинги Владимир Путин мусоидат карданд.

Ӯ меафзояд, Жириновский ҳеҷ гоҳ сиёсатмадори мустақил набуд ва аз хати кашидаи Кремл берун нашудааст ва Прохоров ҳам як лухтаки дасти раҳбарони феълии Русия аст. Ва, аз ин рӯ, хулоса мекунад Досим Сатбоев, изҳороти онҳоро набояд ҷиддӣ гирифт.
XS
SM
MD
LG