Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешомадҳои нек, бад ва эҳтимолии Тоҷикистон


Бо таҳлили омилҳои субот ва хатар пажӯҳишгарони канадаӣ се дурнамои вазъи ояндаи Тоҷикистонро пешбинӣ кардаанд.

Сиёсатшиносони Донишгоҳи Карлетони Канада мегӯянд, бо назардошти ҷанги шаҳрвандии гузашта, мавқеи ҳассоси ҷуғрофӣ, вобастагиҳои байналмилалӣ ва шеваи мудирият, Тоҷикистон то чанд муддат дар баробари тамоюлҳои манфӣ осебпазир хоҳад монд.

“БЕМОРӢ”-ҲОИ ТОҶИКИСТОН

Спенсер Эннис, Софӣ Мария Ламот ва Шон Винчестер вазъи равобити Душанбе бо Тошканд ва Маскавро омилҳои муҳим номида, гуфтаанд, идомаи ҳузури низомии Русия ва “созиши пешакӣ бо Маскав барои нигаҳ доштани 7 000 сарбози рус дар се гӯшаи Тоҷикистон” ба манфиати амнияти миллии Тоҷикистон нест.

Пойбандии фавқулода зиёд ба даромади муҳоҷирони корӣ дар Русия таъсири ҳар гуна бӯҳронҳои беруниро ба суботи Тоҷикистон зиёд мекунад ва дар дохил фишори демографӣ пешрафтҳои ками иқтисодиро беасар мегардонад. Аҳолӣ солона аз 1 то 1,4 дар сад афзоиш меёбад ва қишри ҷавон, ки дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳамеша зиёд буд, метавонад як омили бесуботӣ бошад.

Дар заминаи ҳамзистии ақаллиятҳо таҳдид ба Тоҷикистон камтар аст ва ғолибан аз як миллату пайравони як мазҳаб иборат будани аҳолӣ хатари низоъҳои қавмиро бисёр кам мекунад. Ҳамзамон таҳлилгарони донишгоҳи Карлетони Канада гуфтаанд, “беэҳтиромӣ”-и ҳукумати Тоҷикистон ба ҳуқуқи мазҳабӣ дар чанд соли гузашта, шояд баъзе аз гурӯҳҳои хурди ҷомеаро тундрав кунад, вале ин ҳам наметавонад муноқиша барангезад. Аммо дар ҳолати бурузи бесуботӣ артиши Тоҷикистон ҳанӯз кӯчак аст, ба қадри кофӣ маблағгузорӣ намешавад ва бо чунин ҳол наметавонанд, “хоби ором”-и мардумро таъмин кунанд.

Гурӯҳи коршиносон захираҳои фаровони об дар Тоҷикистонро як омили субот хонда ва айни замон обшавии босуръати пиряхҳои кишварро омили бесуботӣ донистаанд, ки метавонад боиси коҳиши захираҳои об ва ҳамин гуна кам шудани тавлидоти кишоварзӣ шавад.

Хулоса, ҷанҷолҳо бо Узбакистону муҳосираи нақлиётӣ, муносибатҳои ноҳамвор бо Русия, қочоқи маводи мухаддир ва марзҳои шикофдори Тоҷикистон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон таҳдид шумурда шудаанд.

“ДОРУВОР”-И ТОҶИКИСТОН

Бо вуҷуди кӯчакияш артиши Тоҷикистон то андозае “ҷангдида” аст ва дар заминаи тавоноии низомии Тоҷикистон, таҳлилгарони Канада чанд аломати мусоадат ба суботу оромиро дидаанд. Аз ҷумла, кӯмакҳои молии низомии Амрико ва НАТО ба Тоҷикистон, ки тавоноии нерӯҳои кишварро дар назорати марз, муқобила бо терроризм ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир боло бурдааст.

“Дардмон”-и асосии Тоҷикистон ба иқтисодиёт ва некӯҳолии мардумаш бастагӣ дорад. Ҳукумат як роҳро ба нақша гирифтааст ва такмили нерӯгоҳҳои барқи обӣ метавонанд, иқтисодиётро ба ҳаракат оранд, вале айни замон ҷанҷолҳоро бо Узбакистон бештар хоҳанд кард.

Таҳлилгарони Канада дар заминаи вобастагиҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ, таслими як порчаи бузурги қаламрави Тоҷикистон ба Чинро омиле таҳкимбахшандаи субот донистаанд. Ба гуфтаи онҳо, озодиҳои шаҳрвандӣ, ки ба фарқ аз Узбакистони ҳамсоя васеътаранд низ барои суботу амният “кор мекунанд”. Озодиҳои мазҳабӣ, аз ҷумла мавҷудияти ягона ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон, ки кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ надоранд, омили субот шумурда мешавад.

Ҳукумати босубот дар аҳди раёсати ҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон дар 12 соли ахир ва саркӯби бонатиҷаи ифротгароии исломӣ дар Тоҷикистон низ метавонад, заминае барои хушбинӣ аз идомаи оромӣ дар кишвар бошад. Ҳарчанд, ба гуфтаи ин таҳлилгарони хориҷӣ, ҳукумати Раҳмон ҳамчунон бо фасод олуда мебошад, бо вуҷуди ин дигарандешони сиёсии дохилӣ хатари ҷиддие барои он эҷод карда наметавонанд. Ба хулосаи ин таҳлилгарон: “Бидуни шубҳа, Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи оянда пирӯз хоҳад шуд ва имкон хоҳад ёфт, то соли 2020 дар қудрат бимонад.”

Бо баршумурдани тамоми ин нишона ва ангезандаҳои суботу низоъ дар Тоҷикистон, таҳлилгарон аз Донишгоҳи Карлетони Канада се фарзияи ояндаи наздики Тоҷикистонро пешгӯӣ кардаанд:

ПЕШОМАДИ ХУБ

Фишорҳои байналмилалӣ ва дохилӣ, ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур хоҳад кард, ки дар мубориза ба фасод ба пешрафтҳои ҷиддӣ ноил шавад ва дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2013 низоми сиёсиро тадриҷан бозу шаффоф кунад.

Бо вуҷуди хуруҷи тадриҷии нерӯҳои Амрико, Афғонистон ором мемонад ва ҳамкориҳои иқтисодиву амниятии Тоҷикистон бо Чин ҳамчунон таҳким меёбад. Ҳамкориҳои қавитари минтақавӣ, хатари Ҳаракати Исломии Узбакистон ва Толибон ва қочоқи маводи мухаддирро кам мекунад. Вазъи иқтисодии ҷаҳон беҳтар мешавад ва ба Тоҷикистон имконият медиҳад, маблағҳои заруриро барои такмили барномаҳояш ба даст оварда ва иқтисодашро гуногунарса кунад. Аҳолии ҷавони кишвар ҳамчунон зиёд мемонад, вале ба ҳадди миёнаи ҷаҳонӣ баробар мешавад.

Шароити мусоиди табиӣ ҷанҷолҳо барои тақсими обро кам карда ва қимати маводи ғизоиро мӯътадил мекунад. Ислоҳоти пешгирифтаи ҳукумат дар арсаи маориф ва беҳдошт муввафақ мешавад ва Тоҷикистон дар амри расидан ба “Ҳадафҳои Ҳазорсола” пешрафт мекунад.

ПЕШОМАДИ БАД

Хашми мардум аз авҷ гирифтани фасод дар ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмонро маҷбур мекунад, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013 дигарандешон ва норозиёнро дар кишвар саркӯб кунад. Бо ихроҷи нерӯҳои Амрико, Афғонистон гирифтори бебандуборӣ мешавад ва тундравони исломӣ ва қочоқбарон ба марзҳои каммуҳофизати Тоҷикистон мешоранд. Бо бадтар шудани вазъи иқтисодӣ дар ҷаҳон, маҷрои сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон хушк мешавад, сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ нотамом мемонанд ва пулҳои интиқолии муҳоҷирон аз Русия фавқулода кам мешавад. Тӯдаҳои бекормондаи ҷавонони тоҷик аз Русия бармегарданд ва ба фишори дохилии сиёсӣ ба ҳукумат зам мекунанд.

Хушксолӣ ва дигар тағйири иқлим сабаби муноқиша миёни Тоҷикистон бо Узбакистон ва Қирғизистон мешавад. Барномаҳо барои ислоҳи соҳаҳои маорифу тандурустӣ нимкора мемонанд ва сифати феълии таълиму тарбия ва беҳдошт аз ҳоло дида бадтар мешавад.

ПЕШОМАДИ ЭЪТИМОДБАХШ

Эмомалӣ Раҳмон бо пирӯзӣ дар интихоботи соли 2013 ҳамчунон дар сари қудрат мемонад. Фасод ба шакли фарогир идома мекунад, аммо рушди тадриҷии иқтисодӣ ҳамроҳ бо коҳиши пойбандӣ бо пули муҳоҷирон, раъиятро ором нигаҳ медорад.

Бозигарони муҳими байналмилалӣ сармоягузорӣ ба амнияту иқтисоди Тоҷикистонро идома медиҳанд, аммо кашмакаш бо ҳамсояҳо боқӣ мемонад. Вазъи ноороми Афғонистон ба манбаи аслии бесуботӣ барои марзҳои каммуҳофизати Тоҷикистон табдил меёбад. Фишори демографӣ ба оҳистагӣ кам мешавад, зеро ҷавонони тоҷик барои ёфтани кор ба ҷойҳои дигар мераванд.

Таъсири тағйири иқлим дар Тоҷикистон ҳамчунон эҳсос хоҳад шуд, вале кишвар аз фалокатҳои бузурги зистмуҳитӣ эмин мемонад. Фақр дар Тоҷикистон ҳамчунон камтар мешавад, ислоҳоти кунди маорифу беҳдошт идома мекунад ва баҳраи асосиро аз ин ду арса асосан мардуми шаҳрҳо мебаранд, на рустоиҳои мӯҳтоҷ ба он.
XS
SM
MD
LG