Дар ҳоле ки акнун расонаҳои ҷаҳонӣ яке аз паси дигар хабари дар Тоҷикистон дубора боз шудани шабакаи иҷтимоии Фейсбукро пахш мекунанд, ҷавони тоҷик бо номи “Ахбор-презент” дар сафҳаи Ютюб навори танзомезеро ҷой доданд.
Ёдовар мешавем, зиёда аз як ҳафтаи аввали моҳи март дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистон маҳдуд гашт ва ҳамаи ин муддат хабари мазкур дар сархатти навгонии расонаҳои гуногуни ҷаҳон қарор дошт. Ширкатҳои интернетӣ гуфтанд, ки Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо дастур дод, ки дастрасии аҳолиро ба Фейсбук ва чаҳор торнамои хабарии дигар қатъ кунанд. Аммо раҳбари ин хадамот Бег Зуҳуров гуфт, мушкили фаннӣ ба миён омадааст ва мавҷудияти дастурро замоне тасдиқ кард, ки нусхаи номаҳои Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон бо имзои худи ӯ дар Интернет рӯ зад. Ҷаноби Зуҳуров ҳамзамон аз он изҳори ташвиш кард, ки як гурӯҳ Интернетро ба "бозори сиёҳ" табдил додаанд.
Интиқоди Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, созмони “Хабарнигорони бидуни марз”, Кумитаи дифоъ аз журналистон ва ҷомеаҳои журналистию интернетии сабаб гашт, ки мақомоти Тоҷикистон дастрасӣ ба Фейсбукро барқарор кунанд. Вале то амалӣ шудани ин иқдом як изҳороте низ нашр кардаву маҳдудияти дастрасӣ ба шабака ва торнамоҳоро ба амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа бастагӣ доданд.
Маълум нест, ин иқдом то куҷо ба амнияту суботи кишвар кӯмак кард, аммо сафи корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон бо суръат рӯ ба афзоиш ниҳод ва ҳам ин видеои хандаовар пайдо шуд. Худ бубинед: