Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куфӣ Аннон: "Паём бояд қавитар ва ягона бошад"


Куфӣ Аннон, фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи араб дар Сурия.
Куфӣ Аннон, фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи араб дар Сурия.

Куфӣ Аннон, фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи араб дар Сурия, натиҷаҳои маъмурияти худро «ноумедкунанда» хонд.

Вай аз аъзои Шӯрои Амнияти СММ хост барои қатъи хушунатҳо дар Сурия мавзеи ягона бигиранд.

Куфӣ Аннон рӯзи ҷумъа дар нишасти пушти дарҳои баста, гузорише аз маъмурияти худ ва натиҷаҳои гуфтугӯ бо мақомоти суриягиро ироа кард. Ӯ ҳафтаи гузашта ду рӯзро дар Сурия сипарӣ кард ва бо Башор Асад, раиси ҷумҳур ва шуморе аз масъулони ин кишвар дидору гуфтугӯ карда буд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, дипломатҳое ки дар Шӯрои Амният хостаанд номашон фош нашавад, гуфтаанд, Куфӣ Аннон ба аъзои Шӯрои Амният гуфтааст, ки ҳар он қадар онҳо барои пуштибонӣ аз талошҳояшон барои қатъи хушунатҳо дар Сурия муттаҳидтар ва қавитар бошанд, фурсатҳо барои дастёбӣ ба тавофуқ бештар мешавад.

Яке аз дипломатҳо низ гуфт, ки Куфӣ Аннон посухи Димишқ ба пешниҳодҳои шашбандияшро то кунун «ноумедкунанда» хонд, аммо дар айни ҳол таъкид кард, ки тими дипломатияш ба гуфтугӯҳои худ бо давлати Сурия идома хоҳад дод.

Ӯ хуруҷи нерӯҳои низомии Сурия паз аз ҳузури 30 сола дар Лубнон дар соли 2005 дар пайи қатъномаи Шӯрои Амниятро нишони он донист, ки Димишқ дар муқобили қатъномаҳои Шӯрои Амният ақибнишинӣ мекунад. Русия ва Чин то кунун ду қатъномаи Шӯрои Амниятро, ки хушунатҳои давлати Сурияро маҳкум мекард, вето кардаанд.

Башор Асад мегӯяд, ки нахуст бояд мухолифони мусаллаҳаш аслиҳаи худро ба замин бигузоранд. Аммо Амрико, Аврупо ва кишварҳои арабии халиҷи Форс мегӯянд, Башор Асад, ки артиши бузургтар ва нерӯмандтар аз мухолифон дорад, бояд гоми нахустро бардорад.

Мухолифони мусаллаҳи Башор Асад умдатан ҷудошудагон аз артиши Сурия дар ҷараёни идомаи эътирозҳои яксола ҳастанд, ки гурӯҳе бо номи «Артиши озод Сурия»-ро ташкил додаанд.
XS
SM
MD
LG