Раҳматуллоҳ Зоиров дар пайи ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизбаш ба "Озодӣ" гуфт, ҲУСДТ дар пеш омадани вазъияти ғайриқаноатбахши кишвар ҳукумати Тоҷикистонро масъул медонад. Зоиров мегӯяд, бидуни вуруди тағйиру илова ба қонуни интихобот ва ба вижа ҳузури намояндагони аҳзоб дар комиссияҳои интихоботӣ, пешбарии номзад ба интихоботи президентии соли 2013 маъно надорад.
Ба гуфтаи ӯ, масъали дигаре, ки ҳам мавриди нигаронӣ ва дар ҷаласаи раёсати Шӯрои сиёсии ҳизбаш мавриди баррасӣ қарор доштааст, нашри протоколи 32-20 аз ҷаласаи назди президенти Тоҷикистон будааст. Ин протокол ахиран дар торнамои “Полярная звезда” нашр шуд ва сару садоҳоеро ба бор оварда буд, ки ҳукумат Ҳизби наҳзати исломиро таҳти таъқиб қарор хоҳад додааст. ҲУСДТ аз мавҷудияти чунин санадҳо изҳори нигаронии амиқ карда ва хостори тавзеҳи ҳукумат дар ин замина шудааст.
“Дар масъалаи протоколи 32-20 аз ҷаласаи назди президент, бояд ҳукумат мавқеи худро муайян кунад, ки оё он воқеият дорад ё не. Ин масъалае нест, ки додситонӣ бояд ба таҳқиқ бигирад, ки чӣ гуна ба дасти матбуот расид. Мӯҳтавои он протокол бисёр ташвишовар аст, ин масъала барои рушди Тоҷикистон, хусусан дар бахши сиёсӣ зиёни бисёр мерасонад. ҲУСДТ дар ин маврид бетараф буда наметавонад”,-мегӯяд Зоиров.
Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба баргузории чунин як ҷаласа дар назди раисиҷумҳур ва таҳияи протоколи дар матбуот нашршуда шубҳа дорад. Зеро ба қавли ӯ, худи муаллифи мақола дар торнамои “Полярная звезда” гуфтааст, чунин як протоколро надидааст.
Ҷаноби Сафаров афзуд, “албатта, воқеият дигар аст. Агар тавре ки сотсиал- демократҳо мехоҳанд, бинанд, тавре ки онҳо мехоҳанд, гӯянд, тавре ки онҳо мехоҳанд баҳо диҳанд, дуруст мешуд, дар Тоҷикистон ин қадар ободиву муваффақиятҳо ба даст намеомад. Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон то он ҷое, ки тавонистааст, вазифаҳои худро хуб иҷро намудааст, вазъи сиёсии мо аз вазъи иқтисодиамон беҳтар аст."
Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик низ бар ин аст, ки вазъи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистонро намешавад ғайриқаноатбахш номид. Ба қавли ӯ, ба ҳар сурат дар системаи имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон зиндагиву кор кардан мумкин аст. Ин таҳлилгари тоҷик дар робита ба протоколи 32-20 аз ҷаласаи назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ин санад баъзе нуктаҳое ҳаст, ки хориҷ аз чаҳорчӯби фарҳанги муборизаи сиёсист: “Хусусан барои ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон воқеият доштан ё надоштани он протокол фарқе надорад. Зеро ба назари ман аксарияти талаботи бандҳои он протокол дар ҷомеаи мо қаблан ҳам ҷорӣ шуда буд, инро мушоҳида ҳам кардаам. Вале чунин тарзи муборизаи сиёсиро тарафдор нестам. Ҳамчунин ба ман фаъолияти мунтақидони ҳукумат низ маъқул нест, зеро ман феълан нерӯеро дар кишвар намебинам, ки ба усулҳои демократӣ ва манофеи мардуми оддӣ мутобиқ бошад.”
Ҷои ёдоварист, ки ҳафтаи гузашта Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ изҳороте пахш намуда, аз додситонии кулли кишвар таҳқиқи протоколи 32-20-ро талаб карда буд.