Раисиҷумҳури Фаронса, Николас Саркозӣ гуфт, ба дунболи тирандозӣ дар назди мактаби яҳудӣ, ки чаҳор кушта ба ҷой гузошт, дар минтақаи Тулуза, ҷанубуғарби кишвараш, вазъи фавқулодаи рӯёрӯӣ бо терроризм эълон кардааст. Вай қатли афродро дар ин ҷо як “фоҷиаи миллӣ” номид ва гуфт, “рӯшан” аст, ки ҳамла ангезаи яҳудбадбинӣ дорад. Саркозӣ ҳамчунин гуфт, ҳамин тирандоз масъули ҳамлаи ҳафтаи гузашта аст, ки бар асари он ду низомии Фаронса кушта шуданд: “Афроди девона метавонанд, чунин фоҷиа ба вуҷуд оранд. Ин умқи табиати инсониро ба мо ёдрас мекунад, ки инсонҳое танҳо ба ном инсонанд. Онҳо аз таҷрибаҳои эҳтироми бузургии ҳаёти инсон, ки як чизи муқаддас аст, пайравӣ намекунанд.”
Пеш аз қатлҳо дар назди мактаб, рӯзи 12-уми март мусаллаҳи номаълум дар Тулуза як сарбозро ба зарби тир кушт ва 16-уми март дар наздикии пойгоҳи ҳарбӣ дар 50-километрии Тулуза ду сарбози дигар кушта ва як нафар шадидан захмӣ гашт. Ҳамаи кушташудагон зодагони Африқои Шимолӣ ва кишварҳои халиҷи Кариб буданд.
Полис мегӯяд, дар ҳарсе ҳамла силоҳи ҳамсон ва дучархаи моторӣ истифода шудаанд. Ба ақидаи ҷиноятшиносон, қотил як тирандози нишонзан ва ботаҷриба аст. Бар илова полис дар Порис дар робита ба номаҳои таҳдидомезе, ки ба ду канисаи яҳудиён фиристода шудаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Мақомоти полис ҳадс мезаданд, ки байни қатлҳои охир ва ин номаҳо пайванде мавҷуд аст.
Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу рӯйдодҳои Тулузаро “одамкушиҳои зишт” унвон кард. Вай гуфт, "қатли яҳудиёни Фаронса, ки дар байни онҳо афтол низ ҳастанд, як ҷинояти ваҳшиёна аст. Ҳанӯз зуд аст, ки ангезаи дақиқи ин қатлҳо эълон шавад, аммо як ангезаи қавии зиддияҳудӣ дида мешавад. Ман бовар дорам, ки раисиҷумҳури Фаронса Николас Саркозӣ ва ҳукумати ӯ тамоми корро хоҳанд кард, то қотилро ёбанд ва мо дар Исроил низ ҳама корро мекунем, то ёрие ба ин расонда бошем.”
Исроил эълон кард, ки чаҳор қурбонии ҳамла бо дархости хонаводаи онҳо дар Исроил дафн хоҳанд шуд. Қурбониён Раббӣ Ҷонатан Сандлери 30-сола ва писарони чаҳор ва ҳафтсолаи ӯ Габриел ва Арие ва Мириан Монсонего -- духтари ҳафтсолаи мудири мактаб будаанд.
Қатлҳои пурсарусадои Тулуза дар айни авҷи маъракаи интихоботии Фаронса иттифоқ афтод ва Саркозӣ гуфтааст, дастикам то рӯзи чаҳоршанбе маъракаи худро бозмедорад. Номзади сотсиалистҳо Франсуа Ҳолланд низ рӯзи душанбе ба ҷои воқеа дар Тулуза сафар кард ва гуфт, "мо бояд ҳама корро кунем, ки ба антисемитизм ва нажодпарастӣ посухи ягона ва қавӣ бидиҳем." Номзади шадидан ростгаро Марӣ Ле Пен низ маъракаи таблиғотии худро ба нишони ҳамраъйӣ бо номзадҳои дигар қатъ кард.
Раҳбарони аврупоӣ, Иёлоти Муттаҳида ва Ватикан қатлҳоро маҳкум карданд. Тадбирҳои амниятӣ дар назди каниса ва иншооти яҳудиён дар Ню Йорк, Шведсия ва ҷойҳои дигар таҳким дода шуд.