Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон. Ду интихобот дар фосилаи се моҳ


Бинои парлумони Узбакистон.
Бинои парлумони Узбакистон.

Парлумони Узбакистон замони баргузории интихоботи президентии ин кишварро каме ба таъхир гузошт, то бо интихоботи парлумонӣ дар як вақт сурат нагирад.

Тибқи қарори қонунгузорони Узбакистон, интихоботи президентии ин кишвар на дар моҳи декабри соли 2014-ум, балки дар нимаи аввали соли 2015-ум доир хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ интихоботи парламентии Узбакистон моҳи декабри соли 2014-ум доир мешавад ва баъди 90 рӯзи эълони натиҷаҳои интихобот, раъйдиҳандагони узбак президенти ин кишварро интихоб хоҳанд кард.

Аз соли 1991 ба ин тараф Ислом Каримов раёсатҷумҳурии Узбакистонро бар дӯш дорад. Кишварҳо ғарбӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, Узбакистон кишвари худкома буда, дар он ҳуқуқи башар маҳдуд аст.

Интихоботи ахири парламенти Узбакистон дар соли охири 2009 ва ибтидои соли 2010-ум барпо шуда буд. Нозирони байналмилалӣ интихоботи Узбакистонро ноозод ва ноодилона унвон додаанд. Интихоботи ахири президенти Узбакистон дар соли 2007-ум баргузор шуда буд ва дар он Каримов ба муддати ҳафт сол президент баргузида шуд.

Вале дар соли 2011-ум парламенти Узбакистон дар сарқонуни ин кишвар тағйиру илова ворид карда, мӯҳлати раёсатҷумҳуриро аз ҳафт то ба панҷ сол маҳдуд кард. Ҳамчунон баъзе салоҳиятҳои президенти Узбакистон маҳдуд шуданд.
XS
SM
MD
LG