Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Тоҷикистон мегӯяд, ба Афғонистон барқ хоҳад дод


Сарони Тоҷикистону Афғонистон
Сарони Тоҷикистону Афғонистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомиди Карзай баргузории ҳамоиши Душанберо кӯмаке дар рушди Афғонистон муҳим арзёбӣ карданд.

Ин матлаб зимни дидори рӯ ба рӯи Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомид Карзай, сарони Тоҷикистон ва Афғонистон ва баъдан дар сатҳи ҳайатҳои баландпояи ҳар ду кишвар дар "Кохи Миллат" баён гардид.

Президенти Афғонистон шоми рӯзи шанбе, 24-уми март, бо даъвати ҳамтои тоҷикаш ба манзури ширкат дар таҷлили "Наврӯзи байналмилалӣ-2012" ва "Ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ барои Афғонистон" вориди Душанбе шуд. Президенти Тоҷикистон дар ин дидорҳо омодагии кишварашроо барои кӯмаку мусоидат дар раванди истиқрори сулҳу субот ва рушди иқтисоди Афғонистон баён дошта ва гуфтааст, "мо самимона хоҳони таъмини сулҳ, амният ва суботи Афғонистон ва саодату хушрӯзии мардуми бародари он ҳастем."

Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон кӯмаки ҳамаҷонибаи ҷомеаи байналмилалиро барои Афғонистон пас аз соли 2014, ки қарор аст, то он замон нерӯҳои НАТО ин кишварро тарк кунанд, як амри зарурӣ хондааст. Ҳамчунин президенти Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба роҳандозии хатти интиқоли нерӯи барқи Сангтӯда-Қундуз-Пули Хумрӣ гуфтааст, соли равон Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳудуди 700 мегаватт нерӯи барқро содир хоҳад кард ва Тоҷикистон метавонад дар бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ дар Афғонистон ва обёрии заминҳои кишт саҳм гузорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамакнун як ширкати тоҷикистонӣ ҳоло дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон дар ҳоли бунёди Банди Камолхон аст, ки дар сурати анҷоми он ҳудуди 80 ҳазор гектар замин обёрӣ ва наздики 300 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд. Ин ширкат иҷрои тарҳи бузургтареро дар ин замина дар вилояти Форёб оғоз кардааст.

Густариши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳолест, ки ҳаҷми мубодилоти коло миёни ду кишвар дар чанд соли ахир дар ҳоли афзоиш аст. Бар асоси иттилои расмӣ, мубодилаи коло танҳо дар соли 2011 дар муқоиса ба соли 2010 ду мартаба афзуда, ба беш аз 200 миллион доллари амрикоӣ расидааст.

Аммо гузоришҳо баёнгари он аст, ки дар тӯли 6 соли ахир ҳаҷми мубодилаи коло миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 40 мартаба афзудааст.
XS
SM
MD
LG