Як манбаъ дар ин вазорат гуфт, Тоҷикистон то ба имрӯз вобастагии худ аз маводи нафтии Русияро хеле коҳиш додааст ва вазъ он гуна нест, ки дар гузашта буд.
Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дар мулоқоти ахири Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, барои интиқоли нафт аз Эрон ба Тоҷикистон ва коркарди он дар дохил тавофуқоти ҷиддӣ сурат гирифтааст.
Қаблан Русия эълом дошта буд, ки аз якуми апрел боҷи гумрукӣ барои содироти маводи сӯхтро боло хоҳад бурд. Дар ҳоли ҳозир барои воридоти як тонна бензин 370 доллар боҷи гумрукӣ пардохт мешавад, аммо сар аз моҳи оянда ин рақам ба 414,6 доллар хоҳад расид.
Маскав дар ду соли ахир боҷи гумрукӣ барои содироти маводи сӯхт аз ин кишварро пайваста боло мебарад, ки ба афзоиши нархи бензин дар Тоҷикистон ҳам сабаб шудааст. Ин аст, ки аксари ронандагон дар худравҳои худ баллонҳои газ насб карда, бештар аз гази моеъ, ки дар муқоиса ба бензин арзонтар аст, истифода мекунанд.
Бештари коршиносон яке аз роҳҳои ҳалли ин масъаларо аз миён бурдани монополияи ширкатҳои русӣ дар бозори нафтии Тоҷикистон медонанд. Роҳи дигари ҳалли масъала, ба гуфтаи онҳо, ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Гумрукист.
Иттиҳодияи иборат аз Русия, Беларус ва Қазоқистон. Аммо Русия, ба қавли таҳлилгарони тоҷик, ҳоло моил ба узвияти Тоҷикистон дар ин иттиҳодия нест. Ба иллати он ки Тоҷикистон ҳанӯз ба Иттиҳодияи Гумрукӣ ворид нашудааст, аз имтиёзҳои Кремл бенасиб мебошад. Вале дар қиёс ба Тоҷикистон, давлати Қирғизистон ҳам, ки узви ин Иттиҳодия нест, аз бархе имтиёзҳои Русия дар ин замина баҳравар аст.
Тоҷикистон феълан роҳҳои алтернативии таъмини бозори маводи сӯхташро низ ҷустуҷӯ дошта, дар ин роҳ бештар ба Туркманистону Эрон меандешад.