Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаи китоби кӯдак дар Тоҷикистон


Ба ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз имрӯз душанбеи 2-юми апрел дар саросари ин кишвар «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷиксион» оғоз шуд.

Қарор аст, ин иқдом то рӯзи 9-юми апрели соли ҷорӣ идома пайдо кунад. Маросими расмии ифтитоҳи «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар бинои Иттифоқи нависандагон бо ҳузури шоирону нависандагон, масъулони китобхонаҳои кӯдакона ва дӯстдорони китоб сурат гирифт.

Фароғат Азизӣ, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон баргузории «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»-ро барои ташвиқи ҳар чӣ бештари китобу китобхонӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ кард. Ба таъкиди вай ин гуна барномаҳо имкон хоҳанд дод, то сафи китобхонҳо дар миёни кӯдакону наврасон бештар шавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои Қурбон Афғонов, раиси Китобхонаи давлатии кӯдаконаи ба номи Мирсаид Миршакар, мизони муштариёни ин китобхона ба 5 ҳазор нафар расида ва солона 22 ҳазор нафар аз китобҳои ин китобхона истифода мекунад.

Ҳарчанд раиси Китобхонаи кӯдаконаи ба номи Мирсаид Миршакарро аз теъдоди чопи китобҳо изҳори қаноатмандӣ мекунад, аммо мегӯяд, сину соли адибони кӯдак аз 50 боло аст.

Ба гуфтаи Қурбон Афғонов, бояд ҷавонон бештар ба таълифи китобҳои кӯдакона ҷалб шаванд, чун эҷоди китоби кӯдакона завқу салиқаи хосеро талаб мекунад. Ин аст, ки ба таъкиди Афғонов, яке аз ҳадафҳои дигари баргузории «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон», дарёфт ва муаррифии адибони ҷавон аст, ки барои кӯдакону наврасон эҷод мекунанд.

Дар ҳамин ҳол вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бинои Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар ихтиёри китобхонаи кӯдаконаи ба номи Мирсаид Миршакар дода шавад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Китобхонаи миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе, китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ боргоҳи холиеро мемонад.

Зимнан, «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" бо тасмими Вазорати фарҳанги кишвар аз соли 2007 бад ин сӯ ҳар сол сурат мегирад ва дар чорчӯби он маҳфилҳои мухталифе, назири намоиши китобҳои кӯдакона, мулоқоти адибон бо хонандагони мактабу кӯдакистонҳо дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон сурат мегирад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар оғози «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» композитсияи адабӣ - мусиқӣ ба муносибати 100 - солгаи шоири тоҷик Мирсаид Миршакар баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG