Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минаҳо ҳамоно дар камини қадами беҷоянд


Бо вуҷуди коҳиши теъдоди қурбониёни минаҳо, таркишҳои ногаҳонӣ ҳамоно ба ҷони одамону ҳайвонот таҳдид мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар 9 миллион метри мураббаъ майдони мина мавҷуд аст, ки то ҳол танҳо 6 миллион метри он поккорӣ шудааст. Аз соли 1991 ба ин сӯ аз таркиши минаҳо дастикам 474 нафар кушта ва 367 нафар захмӣ шудаанд. Сокини деҳкадаи Работи ноҳияи Конибодом, Мижгона, ки хоҳару хоҳаршавҳарашро дар як рӯз аз даст додааст, мегӯяд, одамон аз бими таркиши мина наметавонад, ба каноратари деҳкада биравад.

Апаам бо шавҳараш савори хару ароба тарафи сарҳад мерафтанд, ки ба мина бархӯрда, таркиданд ва кушта шуданд. Таркиш дар тарафи Узбакистон шуда буд ва ҷониби Узабкистон ҷасадҳоро надод, барои гирифтани ҷасадҳо хеле азоб кашидем. Баъд ману апаи калониям 60 000 сомонӣ дода мурдаҳоро аз дасти узбакҳо харидем.

Қиссаи фоҷиабори кушта шудани Савринисо ва Баҳромҷон Умаровҳо дар баҳори соли 2001 сокинони ноҳияи Конибодом ва дигар манотиқи Тоҷикистонро такон дода буд. Мижгона мегӯяд, он саҳар Савринисо ва Баҳром барои пайдо кардани ғизои кирмаки пилла ба тутзор баромаданд ва нохудогоҳ ба қаламрави Узбакистон гузаштанд. Онҳо ҳарду дар як замон аз таркиши мина ҳалок шуданд. Ин зану шавҳари ҷавон, ки камтар аз 30 сол доштанд, ду кӯдакро ятим гузоштанд ва хонаводаи худро ба ғам гирифтор карданд.

Аммо онҳо танҳо ду тан аз даҳҳо қурбонии таркиши минаҳо дар марзи Узбакистонанд, ки риштаи умрашон дар авҷи ҷавонӣ канда шудааст. Минаҳои марзӣ даҳҳо нафари дигарро маъюби якумрӣ кардаанд.

Мақомоти Маркази минрӯбии Тоҷикистон мегӯянд, дар як соли ахир дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон ҳеҷ таркише ба мушоҳида нарасидааст, аммо ин ба маъное нест, минаҳо барчида шудаанд. Раҳбари амалиёти марказ, Парвиз Мавлонқулов, мегӯяд, таркиши минаҳо дар соли ҷорӣ аксаран дар марз бо Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин ҳодисаҳо се нафар кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд. Вай мегӯяд, ки сабаби идомаи бархӯрдани мардум ба минаҳо огаҳии кам ва набудани харитаи майдонҳои минакоришуда дар марз бо Узбакистон аст: "Узбакистон ба ҷониби Тоҷикистон ягон харитаи майдонҳои минкоришударо надодааст ва дар ин маврид аз ҳамкорӣ худдорӣ мекунад. Мо худамон яктарафа таҳқиқи майдонҳои минкоришударо оғоз намудем ва феълан майдонҳои минкоришуда дар навоҳии Ашт, Исфара ва Панҷакентро мушаххас кардаем. Ва маълумоти бадастовардаро дар ҳамдастӣ бо Кумитаи заминсозӣ ва геодезии кишвар таҳлил карда истодаем."

Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, азбаски харитаи кишти минаҳо дар манотиқи марзӣ бо Узбакисттон вуҷуд надорад, ҳукуматро зарур аст, ки баъди ҳар таркиш минтақаи атрофи ҳодисаро пурра пажӯҳиш кунад ва будан ё набудани минаҳоро мушаххас намояд. Мардуми маҳаллаҳои минакоришуда коҳиши қурбониёнро на ба кам шудани минаҳо, балки ба эҳтиёткории бештари мардуми маҳал марбут медонанд, ки солҳои охир аз ҳаракат дар хатти марз худдорӣ мекунанд. Таҳлилгари умури иҷтимоӣ, Мақсудҷон Ҷӯраев мегӯяд: "Ду-се соли шояд ин дар пайи сахттар шудани низоми раводид бошад, ки мардум фақат аз постгоҳҳои марзӣ мегузаранд. Дар гузашта мардум аз таги симхорҳои марз, болои симхорҳо, марзро ғайриқонунӣ убур мекарданд ва ба минаҳо бармехӯрданд. Худи мардуми Убакистон низ, ки марзро ҳамин тавр ғайриқонунӣ убур мекарданд дар минаҳо таркидаанд."

Мақомоти минрӯбии Тоҷикистон мегӯянд, барои таҳияи харитаи майдонҳои минкоришуда кори зиёде дар пеш аст. Зеро дар аксари манотиқи Тоҷикистон чунин майдонҳо вуҷуд дорад ва мақомот дар мавриди аксарияти майдонҳо маълумоти мушаххас надоранд. Тоҷикистон то ҳол майдонҳои минакоришудаи дохили кишварро поккорӣ кардааст, аммо мушкил дар минаҳои марзи Узбакистон аст, ки ҷойи кишти онҳо маълум нест.

Марзи байни Тоҷикистон ва Узбакистон, ки дар бисёр ҷойҳо ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, соли 1999 аз тарафи кишвари ҳамсоя минакорӣ шуд. Узбакистон мегӯяд, ки ин амалро ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои террористӣ ба қаламрави худ анҷом додааст. Аммо аксар бошандагони манотиқи марзӣ мегӯянд, дар тӯли беш аз 12 сол боре ҳам надидаанд, ки террористҳо аз таркиши минаҳо ҳалок шуда бошанд. Минаҳо танҳо ба инсонҳои маъмулӣ зарар овардаанд, ки дар пайи ҳезуму молбонӣ ба саҳро рафтанд ва марги худро дар он ҷо ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG