Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар Қумсангир корхонаи коркарди нафт месозад?


Шоҳроҳи Дӯстӣ -Панҷи Поён.
Шоҳроҳи Дӯстӣ -Панҷи Поён.

Дар минтақаи озоди иқтисодии Панҷи Поён, воқеъ дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангир, корҳои сохтмонии нахустин корхонаи саноатӣ оғоз ёфтааст.

Холмаҳмад Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, гуфт, ин корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин хоҳад буд. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмонов, ахиран бо ҳукумати Чин тавофуқе бар сари бунёди корхонаи мазкур дар минтақаи озоди иқтисодӣ, дар мавзеи наздик ба марзи Афғонистон ҳосил шудааст.

Ӯ афзуд, "мо ба ҷониби Чин дар бораи сохтмони заводи шиша, банкаҳо ва истеҳсоли мебел лоиҳа пешниҳод кардем. Ин корхона беш аз 500 нафарро бо ҷойи кор таъмин хоҳад кард. Ҳукумати Чин лоиҳаи моро қабул кард ва ҳоло ба омодасозии санадҳои сохтмони ин корхонаи азими саноатӣ пардохтаем."

Раиси ноҳияи Қумсангир ҳамчунин гуфт, дар канори ин корхона дигар коргоҳҳои кӯчаке бунёд мешаванд, ки ҳадафи асосӣ густариши бозори соҳа дар минтақа ва пайдо кардани мавқеъ дар бозори Афғонистони ҳамсоя хоҳад буд: "Ҳамин корхона дар минтақаи озоди иқтисодӣ, дар наздикии сарҳади Афғонистон бунёд мешавад ва барои гарм кардани бозори сарҳадӣ кӯмак мекунад. Мо ба кушодани бозори наздисарҳадӣ пурра омода ҳастем, танҳо дар он сӯи сарҳад, ҷониби Қундузи Афғонистон, ки бо мо ҳамсарҳад аст, дар сохтмони бозори наздимарзияш таъхир мекунад, чунки вазъ он ҷо айни ҳол чандон хуб нест."

Аммо мақомоти ноҳияи Қумсангир аз ифшои ҳаҷми сармояи чинӣ дар амалисозии ин пружа худдорӣ мекунанд. Масъулони минтақаи озоди иқтисодӣ мегӯянд, ин ягона пружаи муштарак бо ҷониби Чин нест, ки дар минтақаи озоди иқтисодии "Панҷи поён" роҳандозӣ мешавад.

Гулчеҳра Тухсанова, корманди масъули минтақаи озоди иқтисодӣ, мегӯяд, бо сармояи Чин ҳамчунин корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ бунёд хоҳад шуд, ки он аввалин ва ягона корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ дар қаламрави Тоҷикистон хоҳад буд: "Талош дорем, ба сохтмони корхонаи мазкур ҳамчунин сармояи худиро ҷалб намоем, то ки як қисмати саҳмияи он дар ихтиёри соҳибкорони тоҷик бошад ва корхонаи муштарак шавад."

Муаллифи лоиҳаи бунёди корхонаи мазкур ширкати “Нанкин Чонтай”-и Чин буда, барои татбиқи ин тарҳ беш аз 7 миллион доллар ҷудо кардааст.

То имрӯз дар Минтақаи озоди иқтисодии "Панҷи поён" 5 субъект, аз ҷумла ширкати савдо ва сохтмонии “Пионер”-и Амрико, ширкатҳои тиҷоратии “Бурок” ва “Анбат-Сервис” қитъаҳои замин гирифта, сармояи наздик ба 10 миллиондоллариро ба ин минтақа ворид кардаанд.
XS
SM
MD
LG