Хушбахт Алиев, яке аз сарбозони қисми низомии 2604-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми хуруҷ аз қисми низомӣ ба ӯ либоси ҳарбӣ надодаанд: «Либоси мулкӣ пайдо кунеду равед, гуфтанд. Ман майкаву слансиву брижа пайдо кардам. Либосро аз ҳамраҳонам, ҳамхизматҳоям бепул гирифта, омадам.»
Хушбахт Алиев мегӯяд, муҳосиботи қисми низомӣ ба ӯ ҳамагӣ 80 сомонӣ пули роҳ доданд, дар ҳоле, ки бояд ин маблағ бештар бошад. Вай ва сарбозони собиқе, ки ба чунин муносибат рӯбарӯ шудаанд, мегӯянд, аз ин гуна "сипосгузорӣ" барои хидмат ба Ватан бо дили сард ва хотираи ношоде ба ҳаёти мулкӣ баргаштаанд.
Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар посух ба ин шикоят гуфт, аз рӯи қонун ба аскароне, ки адои хизмат кардаанд, додани либоси нав ҳатмӣ нест. Ба гуфтаи оқои Раҳматуллоев, бо он имконияти молие, ки кишвар дорад, сари ҳар сол ба сарбозон як либоси нав дода мешавад ва аксари сарбозон дар поёни хизмат аз либосҳои кӯҳнашудаи худ даст мекашанд: «Вақте сарбоз ба хонааш меравад, тибқи қонун ба ӯ раҳпулӣ ва хӯрокпулӣ дода мешавад. Аммо мо ин ҳодисаро таҳқиқ мекунем ва маълум мекунем, ки то куҷо суханони ӯ асос доранд.»
Оқои Раҳматуллоев гуфт, хароҷоти бозгашти сарбоз ба хона аз ҳар ноҳия то маҳалли зисти ӯ гуногун аст, аммо Хушбахт Алиев 70 сомонӣ барои роҳпулӣ ва 80 сомонӣ барои хароҷоти дигар маблағ гирифтааст.
Аммо ин танҳо мавриде нест, ки як сарбоз аз навҳаи мураххасии худ шикоят мекунад. Падари як сарбози дигар, ки дар қисми низомии вазорати дифоъ дар шарқи Тоҷикистон хизмат мекардааст, мегӯяд, аз ҳамон сардии кӯҳистон то ба хонааш дар Душанбе писараш бо ҳоли зоре расидааст: «Ба ман ин чӣ алам мекунад, ки дар он ҷо 1 – 1,5 метр барф асту бачаи ман тани як футболка ду сол хизмат ватан карда, ба мошини қади роҳ омадааст. Тани як футболка, лабош ҳамаш кафидагӣ.»
Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, падари як сарбоз бо исми Ҷаъфар Ҳайдаров ба расонаҳо дар ин маврид сӯҳбате ороста, гуфта буд, ки роҳпулии писарашро надодаанд, аммо вақте писари ӯро ба вазорат эҳзор кардем, гуфт, ки ба падараш дурӯғ гуфтааст: «Ягон далелашон собит нашуд. Худаш ба дасти худаш навишт, ки ман бахшиш мепурсам. Ман намедонистам, ки падари ман рафта дар газета менависад. Падараш худ иқрор шуд, ки ман дурӯғ гуфтам. Пагоҳаш ба мо занг заданд, ки омада пулатро гир, ки аллакай дер шуда буд.»
Оқои Муҳаммадалиев мегӯяд, ҳар сол сарбозоне, ки баъди хизман статуси сарбози эҳтиётиро мегирад, ҳатман либоси низомӣ, билети ҳарбӣ ва роҳкиро дарёфт мекунад. Оқои Муҳаммадиев мегӯяд, агар ба вилояти Суғд мераванд, онҳо як гурӯҳ мешаванд ва як афсар онҳоро бурда, ба коммиссариати ҳарбии вилоят таслим мекунад. Аммо оқои Муҳаммадалиев таъкид кард, ки вазорат дар ҳоли ҳозир ин масъаларо таҳти таҳқиқ гирифтааст.
Ҳамасола дар моҳи апрел мавсими баҳории сафарбар кардани ҷавонон ба қисмҳои низомии Тоҷикистон шурӯъ мешавад ва дар баробари ин онҳое, ки хизмати худро ба охир расондаанд, мураххас мешаванд. Ин ҳама бо фармони махсуси президенти Тоҷикистон, ки ҳамзамон Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар мебошад, сурат мегирад.
Тибқи қонуни Тоҷикистон ҷавонҳои аз 18 то 27 сола бояд дар артиш хизмат кунанд ва дарси мардонагӣ бигиранд. Аммо аксари хонаводаҳо дар фасли даъват ба артиш бачаҳои худро ба муҳоҷирати корӣ мефиристанд, то аз хизмати ҳарбӣ раҳо шаванд.
Теъдоди сафарбаршудагон ва ҳам мураххасшудагони қисмҳои низомии Тоҷикистонро мақомот сири давлатӣ унвон мекунанд.
Аммо коршиносон мегӯянд, ба далели камии хароҷоти низомӣ дар Тоҷикистон, воқеан камбудиҳое ба назар мерасанд, аз қабили камбуди ғизо, маблағ, либоси низомӣ, ки бо вуҷуди инкор шудани онҳо аз сӯи худи мақомот, аз чашми мардум пӯшида нестанд. Як коршиноси умури амниятӣ бидуни зикри номаш гуфт, танҳо бо инкор кардан вазъ беҳбуд намеёбад, амалан бояд беҳбудӣ ба вуҷуд овард, зеро «агар дарвозаи шаҳрро бастан шавад, даҳони мардумро намешавад баст.»