Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байни Айваҷ ва Тирмиз дигар роҳи оҳан нест (Фотоблог)


Дар ин аксҳо, ки рӯзи 22-юми март бардошта шудаанд, тахриби роҳи оҳани байни ду кишварро мебинед.

Бино бар ин аксҳо релсҳои роҳи оҳан дар қитъаи Тирмиз -- Айваҷ дар ҳудуди кишвари ҳамсояи Узбакистон нимишабии 21 ба 22-юми март аз тарафи кормандони роҳи оҳан ва нерӯҳои марзбонии Узбакистон бардошта шуда, дигар 700 метри ин роҳ вуҷуд надорад. Мақомоти Ҷумҳурии Узбакистон, ки қаблан қатъи ҳаракат дар қитъаи Амузанг-Тирмизро "ҳамлаи террористӣ" номида буданд, ин иқдоми худро шарҳ надодаанд.



XS
SM
MD
LG