Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарс бо тарс. Вазъи садамавии мактабҳо дар Ховалинг


Қисми зиёди бинои мактаби рақами 2 дар ноҳияи Ховалинг бар асари боронгарӣ ва намигарии аз меъёр беш, хароб шудааст.

Хонадагони ин мактаб ҳоло зери хавфу хатар дар синфхонаҳои нимвайрона дар се баст бо тарсу ҳарос аз хароб нашудани синфхонаҳояшон дарс мегузаранд.

Комил, як устоди ҷавони ин мактаб гуфт, воқеан вазъ хатаранок аст ва дар чунин шароит имкони дарси хуб гузаштан вуҷуд надорад: «Аз нигоҳи психологӣ хонанда дар ҷои ором дарсро қабул карда метавонад. Дар чунин шароит, ки метарсӣ бом ин замон ё замони дигар ба сарат меафтад, дарси хуб хондан номумкин аст. Хонанда аз дарс дида, дар фикри ҷон ба саломат бурдан аст.»

Ин вазъ дар ҳолест, ки Мирзохон Бобохонов, мудири шӯъбаи молияи ноҳияи Ховалинг мегӯяд, таъмиру бозсозии ин мактаб дар соли равон дар нақша нест ва онҳо имкон надоранд аз буҷаи маҳаллӣ онро таъмир кунанд. Ба гуфтаи Бобохонов, на танҳо мактаби рақами 2, балки бештари мактабҳои ноҳия дар ҳолати садамавӣ қарор дошта ва таъмирношудаанд, ки иллат камбуди маблағ мебошад:

«Вақте, ки мувофиқи шумораи хонандагон мо буҷети мактабҳоро таҳлил карда баромадем, аксари буҷаи онҳо манфӣ ҳаст. Аз рӯи шумораи хонанда бигирем, пули буҷа барои таъмир он сӯ истад, ҳатто ба маош хуб намерасад. Мо ҳам мехоҳем, ки мактабҳо дар ҳолати хуб бошанд, аммо маблағ нест.»

Дар ҳолати садамавӣ қарор доштани аксари синфхонаҳои мактаби рақами 2-и ноҳияи Ховалинг дар минтақаи Кӯлоб ягона нест. Тибқи иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ, бар асари офатҳои табиӣ, дар зарфи як моҳи ахир беш аз 40 муассисаи таълимӣ қисман хароб шудаанд. Аз ҷумла, хонандагони бархе аз макотиби миёна дар ноҳияи Ҳамадонӣ, Балҷувон, Темурмалик, Шӯрообод ва Фархор дар синфхонаҳое таълим мегиранд, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Азизмад Юсупов, муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, кормандони онҳо аз ҳамаи чунин муассисаҳои дар ҳолати садамавӣ қарор дошта боздид кардаанд ва ба хонандагону омӯзгорон ҷиҳати эмин мондан аз хатар корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом додаанд. Ба гуфтаи Юсупов, ба ҷуз мактабҳо инчунин онҳо беш аз 700 манзили зистро мушаххас кардаанд, ки зери хатари офати табиӣ қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, Сайдаҳмад Пириев, сардори Раёсати агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, мактабҳо ба он ҳаде ҳолаташон хатарнок нест, ки манзили зисти сокинон аст. Ӯ мегӯяд, дар мактаб хонандагон ба муддати чанд соат ҳастанд, ки ҳангоми ягон ҳодиса онҳоро наҷот додан осонтар аст. Ба гуфтаи ӯ, вазъи хонаҳои сокинон аз ин бадтар аст ва онҳо бояд ба ҷои бехавф кӯчонида шаванд. Пириев афзуд, ин нақша солҳост вуҷуд дорад, аммо ҳукумат имкони ба якборагӣ кӯч додани сокинонро надорад.

«Ҳамаи хонаҳои зери хатар қарор дошта, ноҳия ба ноҳия рӯйхат шудаанд. Ҳар сол миқдоре аз онҳо кӯчонида мешаванд. Ростӣ гап, зӯри ҳукумат ҳам намерасад, ки ба якборагӣ ҳамаи онҳоро бикӯчонад. Аз сӯи дигар, оилаҳо розӣ намешаванд, ки бо 3 ҳазор сомонӣ ва замин барои бунёди хона, ба дигар навоҳӣ бикӯчанд.»

Бо дар назардошти сербориш омадани баҳори имсола, ҳавошиносон эҳтимоли афзоиши офатҳои табииро пешгӯи кардаанд. Ба ин хотир, Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ барои наҷоти сокинон дар чунин ҳолат, аз пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб кӯмак пурсидааст.
XS
SM
MD
LG