Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин гурӯҳи нозирони СММ ба Сурия расид


Гурӯҳи нозирони Созмони Милал, ки дар ҳоли ҳозир 30 нафаранд, барои санҷиши иҷрои оташбас ба Сурия рафтаанд.

Нахустин гурӯҳи нозирони СММ вориди Сурия шуд. Ҳадафи гурӯҳ, ки ба он алҳол 30 нафар шомиланд, санҷиши иҷрои оташбас аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифони режими Башор Асад унвон шудааст.

Фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои араб, Кофӣ Аннон, иттилоъ дод, ки шояд дар оянда теъдоди нозирон то 250 нафар афзоиш ёбад. Коршиносон ҳоло сари он суол меандешанд, ки оё ин гурӯҳи нозиронро сарнавишти нозирони Иттиҳодии кишварҳои араб интизор нахоҳад буд? Ба вижа, ки авзоъ дар Сурия ҳанӯз ором нест ва хушунати ахир дар шаҳри Ҳумс оштии нозук миёни ҷонибҳои даргирро ба хатар мувоҷеҳ кард.

Рӯзи якшанбе (15-уми апрел) бар асари тирборони шаҳр аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ, дасти кам 3 нафар кушта шуданд. Мақомоти Димишқ изҳор намуданд, ки тирборон – вокуниш ба ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ буд. Аз ин пеш хабар расида буд, ки мухолифини мусаллаҳ ба як қароргоҳи полис дар вилояти Алеппо ҳамла кардаанд.

Алиризо Нуризода, таҳлилгари масоили Ховари Миёна, бо таассуф мегӯяд, ҳукумати Сурия рафтори худро тағйир надодааст ва тирборони ҳамоиши ахири мусолиматомези мардуми Ҳумс баёнгари ин аст. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, ҳатто 120 ё 140 нозири СММ барои назорати авзоъ дар Сурия кофӣ нест. “Агар ба Боснӣ ва Ҳерсеговина нигаҳ кунем, мебинем, ки панҷ баробари ин нозирон он ҷо ҳузур доштанд, ҳол он ки ин сарзамин ба андозаи шаҳри Ҳалаб ҳам нест”,-меафзояд Нуризода.

Ӯ мутмаин аст, ки “агар СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври ҷиддӣ мехоҳанд ин қазияро ҳал кунанд, бояд ҳадди аққал 2 ҳазор нозирро ба Сурия фиристанд. Дар акси ҳол сарнавишти ин нозирон ҳам чун сарнавишти нозирони араб хоҳад буд, ки баъд аз муддате Сурияро тарк карданд, зеро барои хатми хушунат наметавонистанд коре бикунанд”.

Ба гуфтаи коршинос, аҷаб нест, ки нозирони СММ ҳам баъд аз як-ду ҳафта ба шикаст рӯбарӯ шаванд. Ин шикаст густариши ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурияро ба дунбол хоҳад дошт, ҷанге, ки боиси хунрезии зиёд ва ҳатто тақсими кишвар хоҳад шуд.

Алиризо Нуризода мутмаин аст, ки роҳи оқилонаи ҳалли қазияи Сурия такрори тарҳи Яман аст. Айни ҳол ҳар гурӯҳи мухолифон, ки музокирот бо ширкати Башор Асадро бипазирад, мавриди нафрини мардум қарор хоҳад гирифт. Аз ин рӯ, бояд Башор Асадро ваколатро бар ӯҳдаи муовинаш Форуқ Ашшар гузорад ва ӯ дар навбати худ бо мухолифин вориди музокирот шавад ва заминаро барои интихоботи озоди сартосарӣ омода кунад.

Ба гуфтаи таҳлилгар, иродаи мардуми Сурия - иродаи мубориза то пирӯзист ва аммо инро Башор Асад ҳанӯз ҳам дарк накардааст ва бовар дорад, ки бо пуштибонии Русияву Чин ва Эрону “Ҳизбуллоҳ” метавонад ғалаба кунад. Оқои Нуризода меафзояд, “айни ҳол дар Сурия тақрибан даҳ ҳазор нафар кушта шудаанд, аз се ду ҳиссаи мардум азодоранд ва Сурия барои Башор Асад аллакай ба кишваре табдил шудааст, ки наметавонад ба он раҳбарӣ кунад”.
XS
SM
MD
LG