Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии суду зиёни узвияти Тоҷикистон ба СҶТ


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Суду зиёни узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат барои Тоҷикистон ва таҷрибаи кишварҳои узви ин созмон, мавзӯъи аслии конфронсест, ки имрӯз дар вазорати рушди иқтисод ва савдо оғоз шудааст.

Конфронси «Узвият дар СҶТ ва паёмади он - таҷрибаи кишварҳои дигар» бо мусоидати дафтари СҶТ дар Тоҷикистон ва вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон доир мешавад. Барои ширкат дар ин конфронс намояндагони ниҳодҳои вобастаи давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ даъват шудаанд.

Мақомоти вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон бовар доранд, ки узвият дар СҶТ дастрасии амн ва қобили пешбинии кишварро ба бозорҳои умумӣ таҳти шароити иҷрои муқаррароти ҳатмӣ, ки тиҷорати байналмилалиро танзим мекунанд, кафолат медиҳад. Бо ин роҳ мақомот қасд доранд, тавассути фароҳам кардани шароити рушди соҳибкорӣ, вуруди сармояи хусусӣ ба иқтисоди кишварро таъмин кунанд.

Ба гуфтаи мақомоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зарфи ду соли охир ин кишвар ба сурати муназзам барои узвият дар СҶТ музокиротро бо кишварҳои мухталиф пеш мебарад ва дар ҳоли ҳозир музокирот бо Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар ин замина ба марҳилаи поёнии худ расидааст.

Даври навбатии музокиротии Тоҷикистон барои узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат, қарор аст дар моҳи июли имсол баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG