Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

100 шахси таърихӣ: Аз Амир Олимхон то Бозор Собир


Феҳристи сад фарди таърихӣ дар яке аз нашрияҳои чопи Душанбе.
Феҳристи сад фарди таърихӣ дар яке аз нашрияҳои чопи Душанбе.

Як нашрияи чопи Душанбе феҳристи сад шахси таърихии Тоҷикистонро муайян кардааст, ки бо номи Амир Олимхон оғоз ёфта, бо номи Шодӣ Шабдолов анҷом мепазирад.

Нашрияи "АИФ=МММ", як ҳафтаномаи мустақили иттиллоотиву фарҳангии чопи Душанбе, дар шумораи ахири худ феҳристи сад шахси таърихии Тоҷикистон дар солҳои 1900-2010-ро ба нашр расонидааст.

Феҳристи ин афрод аз тарафи рӯзноманигор Кароматуллоҳи Аҳмад, ношир ва сардабири ин нашрия, муайян шудааст. Ҷаноби Аҳмад гуфтааст, ҳарчанд бархе аз ин афрод дар таърих нақши манфӣ ҳам доранд, аммо "дар ҳар сурат номашонро дар таърихи миллат гузоштаанд."

Ба ин тартиб, дар ин феҳрист, ки бо исми Чинор Имомов оғоз ва бо Шодӣ Шабдолов поён мепазирад, ҳамчунин Садриддин Айнӣ, Садри Зиё, Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаев, Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Мамадаёз Навҷувонов, Лоиқ Шералӣ, Мавлавии Ҳиндустонӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Ҳоҷӣ Мирзо, Сангак Сафаров, Аскар Ҳаким, Малика Собирова, Бозор Собир, Сайидмӯъмин Раҳимов, Тоҳири Абдуҷаббор, Гулрухсор Сафиева ва чандин нафари дигар зикр шудаанд.

Муаллифи ин феҳрист гуфта, ки онро танҳо худаш тартиб додааст, вале афзудааст, ӯ "мақсади ин рӯйихатро пешниҳод намудан ҷалби ашхоси андешаманд мебошад, ки ба моҳияти масъала сарфаҳм мераванд".

Вай аз хонандаҳо хоҳиш кардааст, ҷиҳати такмили ин феҳрист андешаҳои худро пешниҳод кунанд, то ба ин васила як феҳристи комили сад шахсияти таърихии Тоҷикистон дар муддати яксаду бист соли ахир мушаххас шавад.
XS
SM
MD
LG