Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон аз артиш мегурезанд ё артиш онҳоро мегурезонад?


Созмони ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро" мегӯяд, дар ҷараёни ҷалби ҷавонон ба сафи артиши миллӣ, ҳуқуқҳои онҳо аз тарафи мақомоти низомӣ ва комиссияи тиббӣ поймол мегарданд.

Ин созмон, ки пажӯҳиши вижаеро аз шеваи даъвати ҷавонон ба сафи артиш анҷом дод, боздошту аз кӯча ба артиш фиристодани ҷавонҳоро нақзи ҳуқуқ унвон кардааст.

Пажӯҳиши ин созмон як сол идома дошта ва дар беш аз 60 шаҳру навоҳии мухталифи кишвар анҷом шуд. Ҳудуди ду ҳазор ҷавонони синни артиш дар назарсанҷии ин созмон иштирок карданд.

22 дар сади ҷавонони синни хизмати сарбозӣ омили аслии сарпечӣ аз артишро ба шеваи иҷборӣ ва дигар роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба хизмати аскарӣ вобаста карданд. 26 дарсади даъватшавандаҳо гуфтанд, ки бо роҳи иҷборӣ ё “облава”ба хизмат фиристода шудаанд.

Хуршеда Раҳимова
Хуршеда Раҳимова
Хуршеда Раҳимова, як масъули созмони ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» мегӯяд, албатта, ба фарқ аз солҳои гузашта дар масъалаи риояи ҳуқуқи даъватшавандаҳо, то андозае беҳбудӣ мушоҳида мешавад. Аммо бо ин вуҷуд ба қавли ӯ, дар назарпурсии ахир 40 дарсади волидон аз муносибати дағалонаи масъулини даъвати ҷавонон ба хизмат шикоят кардаанд.

«Масалан, дар вақти гузаронидани рейдҳои "облава" аз тарафи намояндагони комиссариатҳои ҳарбӣ ва корҳои дохила, дахлнопазирии манзили фарзандон вайрон карда мешаванд. Онҳо бо хонаҳои даъватшавандаҳо бепурсиш, бо истифода аз зӯр дохил мешаванд ва ҷавононро бе иҷоза ва бидуни огоҳӣ бо худ мебаранд. Инчунин дар рафти ин назарпурсӣ мо ҳолатҳои зиёди истифода аз таҳдиду зӯргӯӣ нисбати волидони даъватшавандаҳо ошкор шуд. Масалан онҳоро метарсонанд, ки дар сурати ёфта надодани фарзандашон, нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда мешавад. Ҳолатҳое мешавад, ки даъватшавандаро аз кӯчаву бозор боздошт карда мебаранд ва ӯ дар байнди 2- соат аллакай ба хизматчии ҳарбӣ табдил меёбад.»

Гузориши солонаи созмони ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» оид ба ҳуқуқҳои ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ дар ҳоле натиҷагирӣ ва нашр шудааст, ки дар кишвар мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ идома дорад. Бино ба иттилои масъулини вазорати мудофиаи кишвар, дар 20 рӯзи ин маърака нақшаи даъват 50 дарсад иҷро шудааст.

Масъулини ин ниҳод, солҳои ахир пайваста аз беҳтар шудани шароит дар артиш ва афзоиши шумори ҷавонони ихтиёран ба артиш ворид шуда мегӯянд. Фарҳод Ибодуллоев сухангӯи вазорати мудофиаи кишвар мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои ғайриқонунӣ ва нақзи ҳуқуқи даъватшавандаҳо, аз сӯйи ин ниҳод чораҳои зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

«Масъулини комиссариатҳо ба ҷавонон даъватномаро мебаранд ва вақте ҷавонон ба комиссариатҳо ҳозир намешаванд, онҳо маҷбур мешаванд худашон рафта ҷавононро биёранд. Масъулин чунин ҳуқуқро доранд. Назорат дар ин маврид ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Бисёри ҷавононе, ки имрӯз ба артиш ҷалб мешаванд ихтиёрианд. Ҳатто дар як комиссариат як ҷавони яккаписар ҳам, ки қонун аз хизмат ӯро озод кардааст, хоҳиши хизмат дар артишро кард.»

Аммо бо ин вуҷуд мушоҳида мешавад, ки имсол ҳам баробари шурӯи мавсими даъвати ҳарбӣ, ҷавонони синни даъватӣ дар пайи хариди чипта ба Руссия мешаванд ва ё бо ҳар роҳе мекӯшанд аз артиш фирор кунанд.

Дар пайи назарпурсии ахири созмони «Ампаро», 400 нафари пурсидашудаҳо гуфтаанд, ба далели бад будани шароит дар хизмати артиш ва ҷой доштани муносибатҳои ғайриоинномавӣ, намехоҳанд фарзандонашон хизмат кунанд. Дар баъзе маврид худи ҷавонон, ки аксарият имрӯз аз ноноварони аслии хонаводаҳои худанд, бо ин фикр, ки дар 2 соли набуданашон оилаҳои онҳо чӣ рӯзе хоҳанд дошт, аз рафтан ба артиш худдорӣ мекунанд.

Муҳсиддин Раҳмонов
Муҳсиддин Раҳмонов
Муҳсиддин Раҳмонов, як ҷавони тоҷик мегӯяд: «Бисёре ҳамин ҷавонҳоро медонам, ки сарфаи 2 соли зиндагии худро дар хизмати беҳуда медонанд. Равӣ дар Русия кор карда биёӣ агар 2 сол, сад доллари ҳам агар кор кунӣ ду ҳазор доллар. Масалан, як ҷавони шиносам, ки хонаводаашон калон аст ва падараш ҷои кори муайян надорад, бо вуҷуди талошҳову гурезогурезаш ба хизмат сафарбар шуд. Ба фикрам, беҳтар мебуд ӯ ба хонаводаашон кӯмак мекард. Ҳол он, ки хонаводаҳое ҳаст, ки дар он 7-8 писар аст, аммо ягон нафарашон хизмат накардаанд ва намекунанд.»

Ҳайдаралӣ Розиқов, як сокини ноҳияи Варзоб ахиран дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шеваи ғайриқонунии боздошт ва ба артиш фиристодани писари донишҷӯяш шикоят кард. Ӯ гуфт, бо вуҷуди талошу такудавҳо натавониcт исбот кунад, ки он ҷавон донишҷӯ аст ва бояд таҳсилашро анҷом бидиҳад. Оқои Розиқов, ки гирифтори бемории фишори хун аст, мегӯяд, бидуни ягон огоҳӣ якбора як шабонарӯз ғайб задани фарзандаш, вазъи саломатии ӯро печидатар кард.

«Даъватнома омада буд, мо рафта аз донишгоҳ справка гирифтем ва бояд ӯ озод бошад аз хизмат. Аммо масъулин ӯро аз мактаб бе ягон хабар гирифта бурдаанд, ҳама хавотир шудем, то хабар шуданамон тарсидем. Ба мо мегӯянд, ки вай 21 сола аст ва бояд аскарӣ равад, дар мактаб ҳам, ки ин гапҳо аввал гуфта намешуд, ҳамин далелро пеш меоранд. Тассавур кунед як бача як рӯз гум мешавад, падару модар хун мехӯранд, намефаҳмам ин чӣ хел муносибат аст.»

Нақзи ҳуқуқи даъватшавандаҳо ҳангоми муоинаи тиббӣ дар мавсими даъват ба хизмат аз мушкилоти дигарест, ки дар ин гузориш аз он нигаронӣ шудааст. Тавре пажӯҳиши созмони “Ампаро” нишон додааст, дар бисёр маворид мақомот бо муоинаи тиббии рӯякӣ иктифо мекунанд ва ҷавонҳои беморро низ ба хизмати низомӣ ҷалб мекунанд.

Хуршеда Раҳимова, як масъули созмони «Ампаро» дар ин замина гуфт: “Мувофиқи қонунгузорӣ ҳангоми муоинаи тиббии даъватшавандаҳо бояд ҳафт пизишки соҳаҳои гуногун иштирок намоянд, аммо ҳолатҳое ошкор шудаанд, ки шумораи духтурон аз 7 нафар каманд.»

Бо натиҷагирӣ аз назарпурсии ахири созмони ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» барои нуқта гузоштан ба фирори ҷавонон аз хизмат дар артиш ва ҳам ба хотири кӯмак ба хонаводаҳои ниёзманди онҳо, дигарбора ба зарурати хизмати алтернативӣ таъкид кардааст.

Масъулини ин созмон, ки чанд сол аст, дар талоши роҳандозии хизмати алтернативианд, мегӯянд, пурсиши ахир нишон дод, ки беш аз 70 дарсади ҷавонон ҷонибдори хизмати алтернативӣ будаанд.

Хизмати алтернативӣ, яъне ба ҷойи 2 соли хизмат дар сафи қуввахои мусаллаҳ, ҷавонони синни даъват ба кор дар сохторҳои иҷтимоии кишвар, мисли хонаи пиронсолон, кӯдакистон ё бемористонҳо ҷалб мешаванд ва ҳиссаи муайяни дастмузди худро барои таъмини молии аскарон ба вазорати дифоӣ месупоранд.

Ҳоло теъдоди афроди синни даъватӣ дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари ин шумор аз хидмати артиш озод ҳастанд. Ҳамасола ҳудуди 16 ҳазор ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҷалб карда мешаванд.
XS
SM
MD
LG