Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаҳои Суғд аз гази Узбакистон даст мекашанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Суғд мегӯянд, ки ҳама корхонаҳои саноатӣ дар қисмати шимолии Тоҷикистон ба ҷойи гази табиӣ ба истифодаи маводи сӯхти алтернативӣ гузаштаанд.

Аз ин рӯ, дигар вилояти Суғд ба гази табиии воридотӣ аз Узбакистон ниёз надорад. Мутахассисони бахши саноати маҳаллӣ ояндаи наздики фаъолияти онро бо корбурди фаровон аз маводи сӯхти худӣ, умдатан ангишт тасаввур мекунанд.

Ба гуфтаи мутахассисони бахши саноат, мушкили интиқоли гази табии корхонаҳои саноатии Суғдро водор кард, ки дигар ба умеди гази воридотӣ аз Узбакистон нашуда, фаъолияти худро бо маводи сӯхти маҳаллӣ, ангишт ё мазут, ки назар ба газ дастрастар аст, ба роҳ монанд.

Бино ба маълумоти бахши саноат дар ҳукумати Суғд, тақрибан чаҳоряки ҳудуди 270 корхонаҳои саноатии маҳал аз гази табии воридотӣ аз Узбакистон истифода мекарданд, аммо аз ду сол ба ин сӯ, ҳамагӣ аз истифодаи гази табиӣ даст кашиданд.

Набиҷон Ҷабборов, мутахассиси пешбари бахши саноати ҳукумати Суғд мегӯяд, барои корхонаҳо фаъолият бо ангишт ба ҷойи гази табиӣ арзонтар аст. Вай афзуд, корхонаҳо 1 ҳазор метри мукааб гази табиии воридотиро ба 350 доллар мехариданд, аммо як тон ангишт ҳудуди 600 сомонӣ аст, ки ин ба истеҳсолоти корхонаҳо 30 – 40 фоиз фоида меоварад.

Ба гуфтаи ин мутахассиси бахши саноати Суғд, пойбандии анъанавӣ ба гази табии воридотӣ аз Узбакистон намегузошт корхонаҳои маҳаллӣ сари дарёфти манбаъҳои маҳаллии сӯхт бияндешанд. Аммо чанд маротиба қатъ шудани интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон дар ду соли ахир, корхонаҳоро водор кард, сари гузаштан ба маводи сӯхти худӣ ҷиддан тасмим бигиранд.

Сар аз моҳи равон Узбакистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро пурра қатъ кард. Баъд аз азсаргирии интиқоли газ ба корхонаи бузурги алюминии тоҷик «Талко» дар нимаи моҳ низ, ба вилояти Суғд гази Узбакистон наомад. То як моҳи қабл вилояти Суғд дар як шабонарӯз ҳудуди 30 ҳазор метри мукааб гази табиии Узбакистонро дарёфт мекард.

Ҳамин тавр, адами дастрасӣ ба гази табиӣ ва дар канори он норасоии шадиди нерӯи барқ дар фасли сармо, корхонаҳоро ба корбурди ангишти маҳаллӣ ба ҳайси маводи сӯхти алтернативӣ водор мекунад. Ба гуфтаи мутахассисони бахши саноат дар ҳукумати Суғд, дар ҳоли ҳозир корхонаҳои санотии Суғд аз нерӯи барқ ва дар канори он ағлаби онҳо кам ё беш аз ангишт ва ё мазут истифода мекунанд.

Ҳамин тавр, бо кушода шудани иштиҳои саноати Суғд, нархи ангишт дар бозори маҳаллӣ дар ду соли ахир ҳудуди 2 маротиба - аз 400 то 800 сомонӣ барои як тон боло рафт. Коршиносон ва таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, дар ҳоле ки эҳтиёҷи корхонаҳои саноатӣ ба маводи сӯхти маҳаллӣ беш аз пеш меафзояд, бояд ба корхонаҳо сабукиҳо барои дастрасӣ ба конҳои ангишт дода шавад.

Тилав Расулзода, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, агар ҳукумати кишвар дар конҳои ангишт қитъаҳоеро дар ихтиёри корхонаҳои муҳими саноатӣ мегузошт, ки худ истихроҷ ва бо нақлиёти худ интиқол диҳанд, он гоҳ ба ангишти арзон дастрасӣ пайдо мекунанд. Вай афзуд, ҳамчунин аз сӯи дигар, ин омил шароит фароҳам меорад корхонаҳои бузурги саноатӣ конҳои нави ангиштро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Ва ин дар ҳолест, ки мутахассисони бахши саноати маҳаллӣ мегӯянд, конҳои нави ангишти хушсифат дар минтақаҳои Кӯҳистони Масчову Панҷакент тақрибан дастнорас боқӣ мондаанд, чунки корхонаҳои саноатӣ аз онҳо дуранд ва барои коркарди он ҳавасмандии зиёд ҳам надоранд.

Дар ҳоли ҳозир дар шимоли Тоҷикистон танҳо конҳои ангишти Анзоб дар ноҳияи Айнӣ ва Шӯроб дар Исфара фаъоланд. Ангишти ноҳияи Айнӣ хушсифат, аммо аз корхонаҳои саноатии Суғд дур аст ва интиқоли он қиматашро гаронтар мекунад.

Аммо ангишти Шӯроб аз қаъри замин берун оварда мешавад, ки арзиши онро боло мебарад. Ҳамчунин захираи он ночиз боқӣ мондааст. Дар чунин ҳол корхонаҳои саноатии Суғд миқдоре аз талаботи худро бо ангишти воридотӣ аз вилояти Бодканди Қирғизистон бароварда месозанд.
XS
SM
MD
LG