Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ба Тошканд: "Дар аҳди худ содиқем"


Мақомоти тоҷик иддаои Тошканд роҷеъ ба риоят накардани тавофуқи равуои бидуни мамониати шаҳрвандони назди марзиро бепоя хонданд.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, марзбонони Тоҷикистон ҳама ӯҳдадориҳои худ дар доираи созиши ҳосилшуда миёни масъулони ин ниҳод ва Кумитаи марзбонии Узбакистон дар таърихи 14-уми апрели соли ҷориро риоят мекунанд.

Оқои Раҳматуллоев афзуд, бар асоси созиши ҳосилшуда шурӯъ аз субҳи 25-уми апрели соли ҷорӣ барои равуо ва иқомати муваққатии 23 хонавода аз деҳкадаи «Казарма»-и ҷамоати Ҳомид Олимҷони шаҳри Бекобод ба Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи марзӣ иҷозат дода шудааст. Аз ҷониби худ марзбонони Узбакистон барои убуру мурури сокинони деҳаи Сарваки ноҳияи Ашти Тоҷикистон ба қаламрави ин кишвар имконият фароҳам оварданд.

Кумитаи марзбонии Узбакистон мақомоти Тоҷикистонро айбдор кардааст, ки бо вуҷуди созишҳои охир шаҳрвандони Узбакистонро дар қитъаҳои дақиқношудаи марз гузар намедиҳанд.

Дар изҳороти ин кумита, ки хабаргузории Регниуми русӣ мунташир кардааст, гуфта мешавад, бино бар протоколи мулоқоти раҳбарони марзбонии ду ҷониб, Руслан Мирзоев аз тарафи Узбакистон ва Шералӣ Мирзо аз тарафи Тоҷикистон дар 14-уми апрели соли равон, Узбакистон бидуни интизор шудани мӯҳлати 10-рӯза, сар аз 22-юми апрел ба убури сокинони маҳалли Сарваки ноҳияи Ашт ва кормандони ширкати “Дӯстӣ”-и деҳаи Работ роҳ дод, аммо тарафи Тоҷикистон ӯҳдадориҳои гирифтаи худро ба иҷро нарасонд.

Аммо Хушнуд Раҳматуллоев гуфт, ки ҷониби Узбакистон бе онки мӯҳлати таъйиншуда дар ин созишномаро риоят кунад, аз рӯзи 22 апрел ба равуои сокинони деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт рухсат додааст. Вале Тоҷикистон шароити қарордоди дуҷонибаро комилан риоят карда ва бар тибқи он амал намудааст.

Дар ҳоли ҳозир барои сокинони ин маҳаллаҳои зикршуда шароити соддашудаи равуо ва иқомат дар қаламрави Тоҷикистоон фароҳам карда шудааст.

Аз "табартақсим" то зиндаҷудоӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG