Идораи маорифи вилояти Хатлон бо баргузории ин озмун дар миёни мактабҳои минтақа сатҳи забондонӣ ва захираи луғавии муҳассилонро боло бурданист. Яке аз шарти озмун шарҳу тафсири 800 вожаи мушкилфаҳми забону адабиёти тоҷик аст.
Хоналӣ Қурбонзода, сардори идораи маорифи Хатлон, гуфт, дар ҷараёни баргузории ин озмун баъзе, ба истилоҳ «вундеркиндҳо», кашф шуданд, ки то беш аз 4 ҳазор луғат медонад.
Муҳаммад, толибилми синфи 9-уми яке аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Ховалинг, ки ба даври саввуми озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтааст, аз ҷумлаи наврасони лаёқатманду луғатдонест, ки шарҳу тафсири дастикам 4 ҳазор калимаро медонистааст: «Умедвор ҳастам, ки дар ин озмун чеҳраҳои нави луғатдон, забоншиносони хуби наврас кашф мешаванд. Илми забону адабиёт 22 илми дигарро фаро мегирад ва забони тоҷикӣ аз садҳо ҳазор калимаю вожа иборат аст. Албатта, ҳеҷ кас наметавонад даъво кунад, ки забони тоҷикиро комилан балад аст, аммо илми луғатшиносиро бояд рушд дод, то ки адабиёти ғановатманди форсу тоҷик барои ҳар як толибилм фаҳмо, дастрас ва дар зиндагӣ раҳнамо гардад…»
Муҳаммад итминон дорад, ки дар сурати шаффоф доир шудани озмун, барандаи сабқати луғатдонони навраcи вилояти Хатлон хоҳад шуд.
Сироҷиддин Юсуфов, сарвари яке аз мактабҳои ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, мегӯяд, дар ҳоле ки солҳои охир ҷавонону наврасон ба мутолиаи китобҳо, бахусус осори адибони классикии форсу тоҷик ва асарҳои бадеии шоирону нависандагони муосир майлу рағбат нишон намедиҳанд, баргузории озмуни луғатдонону китобхонони беҳтарин имкони хуби ба адабиёт моил кардани онҳо мебошад.
«Озмунҳое аз қабили луғатдони беҳтарин, китобхони беҳтарин, ки бори аввал баргузор мешавад, боиси болоравии сатҳи дохиши хонанда мегардад. Чунки донистани луғат барои бидуни мушкил баён кардани фикр, барои инкишофи нутқи хаттию шифоҳии хонанда бисёр пураҳамият аст. Чунин озмунҳо барои мураттабсозии нутқи хонандагон, ба китобхонӣ ва забондонӣ мутаваҷҷеҳ сохтани толибилмон муҳим аст. Шогирди мо иштирокчии олимпиадаи вилоятӣ аст ва умедворем, ки 2-3 ҳазор луғат донистани ӯ барои дастболо шуданаш дар ин озмун кӯмак мекунад», - афзуд С. Юсуфов.
Омӯзгорони собиқадор бар ин назаранд, ки дар сурати такмили захираи луғавии толибилмон ва талаби риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар миёни наврасону ҷавонон, таваҷҷӯҳи онҳо ба китоб ва таҳсил боло хоҳад рафт. Аммо академик Маҳмадулло Лутфуллоев ба захираи заифи луғавии насли нав ишора мекунад, ки ба иддаои ӯ, яке аз иллатҳои камдонишии муҳассилон мебошад:
"Покии забон аз луғатдонӣ маншаъ мегирад. Мо, ки луғат намедонем, захираи луғавиамон суст аст, мавқеи истифодаи луғатро сарфаҳм намеравем, ҳар гуна калимаҳои кӯчагӣ, дашному ҳақоратро истифода мебарем. Ҳамин ҳоло кӯча бароед, дуруст мебинед, ки лаҳҷа меъёр шудааст, кам касонеро мебинед, ки бо забони адабии тоҷикӣ ҳарф занад. Ҳатто гоҳе дар мактабҳо мушоҳида кардан мумкин аст, ки бачаҳо ҳамдигарро дашном медиҳанд, суханҳои носазо мегӯянд. Аммо хушзабонӣ ширинсуханиро тақрибан намебинед. Ин айб аст дар шаъни мардуми мо, ки соҳиби фарҳангу адабиёти ғанист."
Академик Лутфуллоев афзуд, масъулони риштаи омӯзишу парваришро мебояд насли навро бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла баргузории сабқати донишмандии наврасону ҷавонон ба илму омӯзиш ва мутолиаи бештари адабиёти тоҷик ташвиқ кунанд.
Идораи маорифи вилояти Хатлон мегӯяд, дар пайи озмуни луғатдонии муҳассилон, ҳамчунин баргузории озмуни шоҳномахонӣ ва риёзидони беҳтарин дар назар аст.