Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷунбиши миллии Тоҷикистон" сабти ном нашуд


Вазорати адлияи Тоҷикистон санадҳои пешниҳодкардаи Ҷунбиши миллӣ барои сабти номи расмиро нокомил хонд.

Қиёмиддин Шоев, масъули ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфт, вазорати адлия ҳуҷҷатҳои Ҷунбиши миллиро имрӯз, 3 май қабул накард, зеро барои он се ҳуҷҷати дигар, аз ҷумла қарори анҷумани муассисон намерасад.

Вай афзуд, қарор шудааст, ки ба зудӣ анҷумани муассисон дар Душанбе баргузор ва раҳбари созмон низ муайян шавад. Созмони сиёсии Ҷунбиши Миллии Тоҷикистон (ҶМТ), ки чанд моҳ ба ин сӯ дар интернет минҳайси як созмони пӯшида амал мекард, ахиран худро ошкор кард.

Дар изҳороти ин созмон, ки дар «Фейсбук» интишор ёфт, «ҷавонони коршинос ба монанди Қиёмиддин Шоев, Ботур Қосимӣ ва Хушрӯз Абдусамиев» аз раҳбарони он муаррифӣ шуданд. Бино ба ин изҳорот, «гурӯҳе аз тоҷикони муқими хориҷа» ин созмони сиёсиро «бо мақсади таҳкими раванди демокросӣ ва таъмини шаффофияти интихоботи раисҷумҳурӣ 2013 дар Тоҷикистон» таъсис додаанд.

Намояндаи созмони Ҷунбиши миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Қиёмиддин Шоев, рӯзи чаҳоршанбе ба Озодӣ гуфта буд, ин иттиҳод рӯзи дуюми май барои сабти номи расмӣ ба Вазорати адлияи Тоҷикистон муроҷиат карда ва барои ин тамоми санадҳои заруриро фиристодааст.

Вай афзуд, ҳадаф аз ташкил ва қайди расмии созмон, ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 аст. Ҷаноби Шоев мегӯяд, ки барнома ва оинномаи ин созмон аз чанд вақти пеш дар шабакаи ҷаҳонии Интернет нашр шуда, дар пайи фаъолсозии сомонаи ҷунбиш дар Интернет, он ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ҷонибдорони зиёд пайдо кард.

Зимнан, гурӯҳи Ҷунбиши миллии Тоҷикистон ҳамзамон бо пайдо шуданаш дар Интернет аз аҳзобу созмонҳои сиёсии кишвар даъват кард, ки барои пешниҳоди номзади ягона ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013 мувофиқа ҳосил кунанд. Ин созмон, ки низоми ҳоким дар Тоҷикистонро “диктаторӣ” унвон кардааст, пешниҳод дорад, ки барои дастрасӣ ба як ҳокимияти мардумӣ дар Тоҷикистон ислоҳоти сиёсӣ баргузор шавад.

Масъулони ин созмон мегӯянд, ҷонибдорони онҳо дар Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупо, Эрон ва Русия фаъоланд. Гурӯҳ пешниҳод мекунад, ки сар аз соли 2013-ум ду мӯҳлати 7-солаи раёсати ҷумҳурӣ то ду даври 4-солӣ коҳиш дода шуда, раҳбарони шаҳру ноҳия ва вилоятҳои кишвар бар пояи раъйи мардум интихоб шаванд.

Созмони Ҷунбиши миллии Тоҷикистон ба дунболи фаъол шудани торнамояш ва гузоштани шарҳу тафсирҳо дар шабакаи Фейсбук аз тарафи расонаҳои давлатӣ ҳадафи танқид қарор ёфтааст.
XS
SM
MD
LG