Вазорати адлияи Тоҷикистон асноди барои сабтином пешниҳодкардаи Ҷунбиши миллиро баргардондааст. Мақомоти вазорат ба намояндаи ин гурӯҳ дар Душанбе Қиёмиддин Шоев гуфтаанд, ки барои сабтином дастикам 3 санади дигар бояд омода кунад. Оқои Шоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ба зудӣ дар Душанбе ҷаласаи муассисони Ҷунбиши миллиро баргузор ва раҳбарияти созмонро интихоб хоҳанд кард. Ҷунбиши миллии Тоҷикистон моҳи феврал дар хориҷ таъсис ёфта, ҳадафаш таъмини шаффофияти интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад.