Коршиносон имкони пирӯзии Франсуа Олландро баланд арзёбӣ намуда, тахмин мезананд, ки барои аввалин бор дар тӯли 20 соли гузашта, пешвои сотсиалистони Фаронса ба сари қудрат меояд.
Агар пешбиниҳо дуруст бароянд, рӯзи якшанбе дар даври дуюм ва ниҳоии интихоботи президентии Фаронса раиси ҳизби сотсиалист Франсуа Олланд бар рақибаш-раисиҷумҳури феълии ин кишвар Николас Саркозӣ дастболо хоҳад шуд. Дар даври аввал ҳам Ҳолланд бо беш аз 28,5 дарсади раъйҳо, Саркозиро дар ҷои дуюм гузошта буд.
Кристиан Макариан, сармуҳаррири ҳафтаномаи фаронсавии “Экспресс” мегӯяд, Олландро мардум хуб намешиносанд, вале раъйдиҳандагон аз ҳукуматдории Саркозӣ хаста шудаанд: “Ба фикрам мо бояд пирӯзии эҳтимолии Франсуа Олландро ҳамчун эътироз ба Саркозӣ баррасӣ намоем. Қабл аз он, ки мо дар бораи пуштибонӣ аз номзади ҳизби сотсиалист ҳарф занем, ба фикрам мо бояд хотирнишон кунем, ки ин эътироз ба тарзи кору шахсияти Саркозӣ мебошад.”
Ҳолланд ваъда додааст, ки дар сурати пирӯзиаш маоши президентро тахминан 33 дар сад коҳиш дода, масуният, яъне иммунитети президент дар додгоҳро аз байн мебарад.
Ҳолланд ҳоло бо як хонуми рӯзноманигор бо номи Вероника Триервилйер ҳамзистӣ дорад. Қаблан ӯ бидуни никоҳи расмӣ бо Сеголен Роял-собиқ довталаби курсии президентӣ аз ҳизби сотсиалист 25 сол ҳамзистӣ намуда, ин ҷуфт чор фарзанд ба дунё овардааст.