Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо ирсоли як нома ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хоҳиш кардааст, то ба муносибати 15-солагии таҷлил аз Иди Ваҳдат размандагони собиқи Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ)-ро афв кунад.
Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ ва узви порлумони Тоҷикистон, рӯзи 8-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ин нома бо замимаи ному насаби 161 нафар аз размандагон ва аъзои собиқи оппозитсиюн ба президенти Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Муҳиддин Кабирӣ рӯзи Ваҳдати миллиро, ки имсол 15-солагияш дар сартосари кишвар таҷлил карда хоҳад шуд, аз "муваффақтарин таҷрибаҳои сулҳофаринӣ дар таърихи башарият" дониста ва аз президент хоҳиш кардааст, то аз гуноҳи аъзои пешини ИНОТ, ки бо сабабҳои мухталиф дар ҳодисаҳои солҳои нооромӣ ширкат кардаанд, гузарад.
Дар номаи мазкур ишора шудааст, ки садҳо нафар аз аъзои Фронти Халқӣ ва размандаҳои собиқи мухолифини тоҷик бинобар мувофиқат накардани амали онҳо бо санадҳои афв дар маҳбасҳо ҳузур доранд ва бахши аъзами онҳо мӯҳлати ҷазои худро сипарӣ кардаанд.
Раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ бахшишҳои президент дар мавриди шаҳрвандони кишварро ёдовар шуда, ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ афви тарафдорон ва аъзои собиқ мухолифинро, ки дар маҳбасҳо ба сар мебаранд, ҳадяи нодир ба падарону модарони онҳо арзёбӣ кардааст.
"Шакке нест, ки ин амали хайр як саҳифаи навро дар корномаи сулҳофаринии Шумо ва хотираи неки миллат изофа хохад кард. Аз муроҷиат ва дархости наздикони ин афрод бармеояд, ки ягона умеди онҳо танҳо ва танҳо Шумо мебошед ва боварӣ дорем, ки ин пешниҳоди холисонаи мо аз тарафи Ҷаноби Шумо мавриди қабул қарор хоҳад гирифт",-таъкид шудааст дар номаи Муҳиддин Кабирӣ ба президент.
Ин нома дар ҳоле навишта шудааст, ки то ҳол мақомоти давлатӣ эълом накардаанд, оё ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ афве сурат хоҳад гирифт ё на ва киҳо шомили он мешаванд. Соли гузашта дар остонаи таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ҳазорҳо нафар мавриди афв қарор гирифта буданд.