Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Қонунҳои хуб, вале нопурраи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон"


Kazakhstan - Social Issues. Illegal labor migrants in line to be deported from Kazakhstan. Taraz City, 22Sep2008
Kazakhstan - Social Issues. Illegal labor migrants in line to be deported from Kazakhstan. Taraz City, 22Sep2008

Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва аъзои хонаводаҳои онҳо, гузориши Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.

Ин ниҳоди вобаста ба СММ, дар Женева натиҷагириҳои худ аз гузориши Тоҷикистонро ба нашр расондааст ва гуфтааст, муҳоҷирони кории тоҷик то ҳол таҳти пӯшиш ё ҳимояти Конвенсия ё Муқовиланомаи Созмони байналмиллалӣ кор қарор нагирифтаанд ва ҳангоми дифоъ аз ҳаққи онҳо, мушкилиҳо пеш меояд.

Озод Тақизода, муовини раиси Кумитаи мазкур дар Женева дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки онҳо аз қонунҳои Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират истиқбол мекунанд, вале барои такмили ин қонунҳо пешниҳодҳои худро матраҳ кардаанд. Масалан, ҷузъитарин нуктаҳо, ки ба истилоҳоти қонунӣ пайванд мегирад, муҳоҷиронро метавонад дар вазъи ногувор қарор диҳад.

“Одам наметавонад ғайриқонунӣ бошад. Одам метавонад ҳуҷҷат надошта бошад ва дар ҳолати ғайримаъмулӣ қарор бигирад. Барои ҳамин намешавад вайро билофосила муттаҳам кард. Ин ҷо ҳатто масъалаи истилоҳот ҳам нест, он мантиқи фалсафӣ дорад. Масалан, як нафар мехоҳад, ки дар муҳоҷират софдилона кор кунад ва пуле барои зиндагӣ ба даст орад. Вале ҳуҷҷаташ нодуруст аст. Ислоҳи ҳуҷҷат масъалаи ҳалшаванда аст. Барои ҳамин бояд ба вай чун ба як нерӯи корӣ муносибат кард, на чун ба як қонуншикан.”

Тақизода меафзояд, ба баҳонаи “қонуншикан” ё муҳоҷири ғайриқонунӣ кишвари пазирандаи муҳоҷир наметавонад вайро ихроҷ кунад. Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Женева бо назардошти ин нукта пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистон бояд ҳар чӣ зудтар дар ин бора пешнависи қонуне таҳия ва онро бо муқаррароти Конвенсияи байналмиллалӣ ва Қатъномаи 3449-и Маҷмаи Умумии СММ мутобиқ созад.

Дар ин асноди муҳими байналмиллалӣ истилоҳи “муҳоҷири ғайриқонунӣ” вуҷуд надорад ва худи ҳамин истилоҳ мантиқи қонунӣ надорад, гарчӣ ин истилоҳ дар қонуни Тоҷикистон оварда шудааст ва иҷрои қатъномаи СММ-ро маҳдуд мекунад. Дар сурати ҳамоҳанг сохтани қонуни Тоҷикистон бо асноди байналмиллалӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷири кории тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ осонтар хоҳад буд.

Русия кишвари аслии мизбони муҳоҷирони кории тоҷик аст ва Тоҷикистон бо ин кишвар соли 2004 роҷеъ ба муҳоҷирати корӣ мувофиқатнома имзо кардааст. Вале ҷониби Русия то ҳол санадҳои дигари қонунгузорро дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ба тасвиб нарасондааст.

Озод Тақизода дар ин бора чунин мегӯяд: “Санадҳои дигари қонунгузор вуҷуд дорад, ки ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи корӣ, ҳақи дарёфти музди бознишастагӣ, ҳуқуқи иҷтимоӣ ва амсоли онро дар бар мегирад. Ҳамаи ин нукот дар қарордоди дигари Тоҷикистону Русия сабт шудааст. Мутаассифона, то ҳол ин қарордодро Русия ба тасвиб нарасондааст.”

Кумитаи Женева дар пешниҳодҳои худ навиштааст, тибқи маълумоти дарёфтӣ аз муҳоҷирони корӣ, дар баъзе мавридҳо онҳо ҳангоми гузаштан аз посгоҳҳои марзиву гумрукӣ ё дар кишвари муҳоҷират ба ришвахорӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Аз муҳоҷирони корӣ барои баъзе хадамот, ки бояд ройгон анҷом бигириад, пул ситонида мешавад. Чунин рафтор дар баъзе консулгариҳо низ ба мушоҳида расидааст.

Кумитаи Женева пешниҳод кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ин падидаҳо, ҳукумати Тоҷикистон бояд тадбирҳои ҷиддӣ андешад ва аз худи муҳоҷирону хонаводаҳои онҳо дар ин бора маълумоти зарурӣ гирдоварӣ кунад.

Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва аъзои хонаводаи онҳо дар Женева мегӯяд, агар кишваре, масалан Русия, муҳоҷирони кориро қабул мекунад, пас он ба нерӯи корӣ ниёз дорад ва бояд аз ҳуқуқи онҳо низ дифоъ кунад.
XS
SM
MD
LG