Дар ин бора намояндагони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон иттилоъ дода ва гуфтанд, ки ин ҷаримабандӣ дар пайи бозрасии фаъолияти молии ҳизб дар қароргоҳи марказӣ ва дар бахшҳои вилоятиву ноҳиявиаш сурат гирифтааст.
Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар порлумон, гуфт, "дар ҳақиқат, Ҳизби комунист дар минтақаҳо андозро саривақт насупоридааст ва ҳамчун иттиҳодиияи ҷамъиятӣ ба нозирони андоз гузориши ҳармоҳа надодааст." Ҷаноби Талбаков афзуд, пас аз давлатӣ кардани моликияти Ҳизби комуннист дороии он ба сатҳи сирф фаромад ва мебоист, ки дар ин сатҳ ҳисобот ба идораи андоз пешниҳод мегардид, вале ин кор анҷом нашудааст.
Ин масъули Ҳизби коммунист мегӯяд, “баъзе аз доираҳои сиёсӣ ин санҷиши додситонии куллро як навъ фишор болои ҳизб шарҳ додаанд, ки комилан асос надорад. Зеро масъалаи андозу андозусупорӣ ба сиёсат рабт надорад.”
Қаблан Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва вакили ин ҳизб дар порлумон гуфта буд, тайи ду ҳафта бозрасони додситонӣ дар дафтари марказӣ ва бахшҳои минтақаии ин ҳизб фаъолияти коммунистҳо, махсусан, манбаъҳои молӣ ва маблағҳои мавҷуд дар суратҳисоби ин ҳизбро мавриди тафтиш қарор додаанд. Он вақт Шабдолов гуфта буд, "дар вақти таҳқиқ асосан ду мавзӯъ, яке маблағҳои ғайриқонунӣ, ки аз дигар давлатҳо гирифта мо дар фаъолиятҳои сиёсии худ истифода набарем ва дуюм масъалаи андоз. Дар ин бора низ кадом як қонуншикании дағалона дар фаъолияти мо нест."
Шодӣ Шабдолов гуфт, ба бозрасии фаъолияти ҳизб аз тарафи масъулони додситонӣ мухолифате надорад, вале аз он ки ҳукуматҳои маҳаллӣ дар манотиқ нишонии манзил ва феҳристи аъзои ҳизби онҳоро талаб кардаанд, комилан шигифтзада шудааст. Зеро ба таъбири раиси коммунистҳои Тоҷикистон онҳо ҳамасола ин маълумотро дар ихтиёри вазорати адлия мегузоранд. Шабдолов ишора кард, ки ин ҳама бозрасиҳо эҳтимолан ба интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурӣ алқоманд бошад.
Аммо масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, тафтиши фаъолияти аҳзоби сиёсӣ кадом ангезае дигар надорад ва ин корҳо бар асоси нақшаи корӣ сурат мегирад.