Дар матни суруд ишораҳои танзомез ба Нақӣ, даҳумин имоми шиъагон, узви таносулии мардона, виагра ва синаҳои як ҳунарпешаи эронӣ ҷой доранд.
Дар тасвире, ки ин таронаро дар шабакаи Ютюб ҳамроҳӣ мекунад, метавон чизеро дид, ки ҳам гунбади мазор ё масҷидро ба ёд меорад ва ҳам синаи зан аст. Бар фарози он парчами ҳафтранги ҷомеаи ҳамҷинсгароён дида мешавад.
Баъзеҳо дар Эрон сурудро барои беэҳтиромӣ ва тавҳин ба Имом Нақӣ маҳкум карданд, аммо бархи дигар аз он ҳамчун рахна дар табу ё хурофоти иҷтимоӣ истиқбол намуданд.
Наҷафӣ, ки соли 2005 ба Олмон муҳоҷир шуд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафаш таҳқири муқаддасоти исломӣ набудааст ва дар гузашта таронаи ҳамсоне бо номи “Маҳдӣ” низ сурудааст. Вай мегӯяд, ҳангоми эҷод кардан ба ҳеҷ гуна пайомад фикр намекунад.
Пайомад ҳоло ин аст, ки барои сари ӯ 100 000 доллар ҷоиза таъин кардаанд ва ба қатлаш даъват мекунанд. Торнамои муҳофизакорон Shia-online чунин мукофот пешниҳод мекунад ва мегӯяд, ҷоизаро як арабе аз кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, ки аз ӯ ном бурда мешавад, тақдим хоҳад кард.
Хабаргузории нимарасмии Форс, ки ниҳоди Сипоҳи посдорони инқилоб шумурда мешавад, аввали ҳафта хабар дод, ки оятуллоҳ Сафии Гулпоягонӣ нисбати Наҷафӣ фатво дода, ӯро мункири дин эълон кардааст, ки ҷазои ин дар Эрон қатл аст. “Вай гуфтааст, ҳар касе ки имомро таҳқир мекунад, кофар аст.”
Наҷафӣ инро даъват ба хушунат номид ва гуфт, чораҳои амнияти худро таъмин хоҳад кард.
Суруди ӯ ба масъалаҳои иҷтимоии Эрон бахшида шуда, аммо ба масъалаи ҳассоси бозгашти имоми сонӣ низ дахл мекунад. Эрониҳои диндор имомонро ашхоси муқаддас мешуморанд, аммо барои Наҷафӣ, ки атеист аст, Нақӣ ё имомони дигар фақат “чеҳраҳои таърихӣ” мебошанд.