Яраш Пӯлодов, раиси Пажӯҳишгоҳи оби вазорати обу мелориатсияи Тоҷикистон, даъвои ҷониби Узбакистон дар робита ба паёмади заминларзаи ахир дар шарқи Тоҷикистонро рад намуд.
Дар Узбакистон заминҷунбии субҳи рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон то 4 дараҷаи ҷадвали Рихтер ҳис шуда ва нашрияҳои ин кишвар наздикии маркази онро ба Роғун далели нигарониҳои худ номидаанд. Расонаҳои интернетии Узбакистон навиштаанд, маркази зилзила дар 17-километрии шаҳри Роғун буда, эъмори сарбанди 335-метрӣ дар ин ҷо метавонад, тамоми минтақаро зери хатар қарор диҳад.
Онҳо дар ин робита аз ҳушдори сардори раёсати Вазорати хоҷагии оби Узбакистон, Шариф Қучқоров, ёд кардаанд, ки бо назардошти хатари заминҷунбӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғунро қатъ кунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси Пажӯҳишгоҳи вазорати обу мелориатсияи Тоҷикистон, Яраш Пӯлодов, дар робита ба нигарониҳои ҷониби Тошканд, гуфт, "фикр мекунам, ин даъвоҳо супоришӣ ҳастанд. Зеро ин нигарониҳо ва даъвоҳо аз ҷиҳати илмӣ, фаннӣ ва ҳатто аз ҷиҳати қонунҳои табиат асосе надоранд."
Ба таъкиди Пӯлодов, бори аввал нест, ки намояндагони Узбакистон ин мавзӯъро матраҳ мекунанд, аммо онҳо воқеиятро бо он ки мефаҳманд, пазируфтан намехоҳанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, "заминҷунбӣ, ин хоси табиат аст ва дар 50-100 соли пеш низ ин гуна қонунҳои ҳаракати замин ва ҳодисаҳои табиат ба вуқӯъ афтодааст. Ин гуна ҳодисаҳои табиат дар ҳама гӯшаи ҷаҳон ва аз ҷумла Осиёи Марказӣ вуҷуд дошт.
Раиси Пажӯҳишгоҳи оби вазорати обу мелиоратсияи Тоҷикистон мӯътақид аст, ки иншоот дар қаламрави Тоҷикистон тибқи лоиҳаҳои муҳандисӣ тавонии то 9 бал заминларзаро доранд. Ба ин далел, Яраш Пӯлодов, ҷонибдори сохтмони нерӯгоҳи Роғун буда, мегӯяд, "ин кор, яъне сохтмони Роғун бояд идома ёбад. Чун ин лоиҳа ҳам аз ҷиҳати экологӣ, ҳам фаннӣ, ҳам сейсмологӣ асоснок шудааст ва имрӯз мо наметавонем аз баҳри ин гузарем."
Академик Собит Неъматуллоев, зилзилашиноси тоҷик, низ иддаои ҷониби Узбакистонро ангезаи сиёсӣ дониста ва мегӯяд, "дар Осиёи Миёна ҳар сол қариб 9 ҳазор бор заминҷунбӣ рух медиҳад ва ин зилизилаҳо он қадар сангин нестанд. Дар тӯли 500 соли ахир ягон бор заминҷунбии вазнин дар минтақаи Роғун нашудааст. Заминларзаҳое, ки рух додаанд, то ҳудуди 6 дараҷаро ташкил медиҳанд. Аммо тавоноӣ ва зарфияти нерӯгоҳ то 9 дараҷа аст."
Академик Неъматуллоев гуфт, онҳо маводи сейсмологии 125 соли ахирро омода кардаанд, ки боре ҳам заминларзаи бузург дар ин минтақа рух надодааст. Мояи тааҷҷуби академик Неъматуллоев ин аст, "дар ҳоле ки лоиҳаи Роғун дар Тошканд таҳия шуда буд ва пажӯҳишгоҳи махсуси лоиҳакашӣ ин тарҳро сохтааст, бародарони узбак дидаву дониста боз санги маломат ба сӯи Тоҷикистон мепартоянд."
Бо таваҷҷӯҳ ба маводи илмии асоснокшуда, Собит Неъматуллоев бар ин бовар аст, ки Тошканд қазияро сиёсӣ карда, мехоҳад ба ҳар роҳ монеи иҷрои тарҳи Роғун шавад. Аммо ба таъкиди масъулон ва олимони соҳа чунин "дастаккуниҳо", ки заминларзаи ахир дар шарқи Тоҷикистон ҷониби Тошкандро "рӯҳбаланд" кардааст, наметавонад пеши ҳадафи стратегии давлату миллати Тоҷикистонро бигирад.
Бар асари заминҷунбии рӯзи якшанбеи 13-уми май, дар шарқи Тоҷикистон як нафар ба ҳалокат расид. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, маркази заминларза дар152-километрии шимолу шарқи Душанбе ва 20-километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт будааст. Тибқи гуфтаи мутахассисон, Тоҷикистон як минтақаи зилзилахез маҳсуб шуда, ҳамасола ҳазорҳо ларзиши замин дар ин кишвар ба қайд гирифта мешавад.