Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО нақшаи хуруҷ аз Афғонистонро тасдиқ кард


Паймони Атлантики Шимолӣ ҷадвали замонии хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон ниҳоӣ кард.

Дар ҳамоиши сарони НАТО ва шарикони онҳо дар Чикаго тарҳи умумии хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон таҳия шуд. Бино бар он масъулияти амнияти Афғонистон дар нимаҳои соли 2013 ба таври комил бар дӯши ниҳодҳои қудратии Афғонистон гузошта хоҳад шуд. Дар "Эъломияи Чикаго" раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама ва 27 ҳампаймони низомии ӯ тасдиқ карданд, ки НАТО масъулияти тамринии нерӯҳои Афғонистонро дар дӯш хоҳад дошт.

Сарони НАТО дар ҳамоиши Чикаго ҳамчунин аз Покистон даъват карданд, "ҳарчӣ зудтар" роҳҳояшро барои баровардани нерӯҳо ва таҷҳизоти ҳарбӣ аз Афғонистон боз кунад. Раисиҷумҳури Покистон, Осиф Алӣ Зардорӣ, ки дар охирин лаҳзаҳо розӣ шуд, дар ҳамоиши Чикаго ширкат кунад, то ҳоло паёми рӯшан надодааст, ки кишвараш роҳҳои худро боз хоҳад кард ё не. Таври маълум ин роҳҳо ним сол пеш, баъд аз ҳалокати 24 сарбози покистонӣ дар ҳамлаи иштибоҳии НАТО баста шуданд. Аммо пеш аз он дар моҳи май, нерӯҳои махсуси Иёлоти Муттаҳида вориди хоки Покистон шуда, дар Аббатобод, чандкилометрии Академияи ҳарбии ин кишвар раҳбари ал-Қоида, Усома бин Лодинро ба қатл расонданд. Покистониҳо ҳамчунин мухолифи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар манотиқи марзии худанд.

Вазири дифои Иёлоти Муттаҳида, Леон Панетта дар ҳошияи ҳамоиши Чикаго бо намояндагони Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мулоқот кард ва аз онҳо барои “роҳҳои шимолӣ” изҳори сипос намуд. Ҳамзамон мақомоти амрикоӣ ишора карданд, ки ин мулоқоту сипосгузорӣ зидди Покистон нигаронида нашудааст. Бино ба як хабари дигар, фармондеҳи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон, генерал Ҷон Аллен гуфт, Покистон билоахира роҳҳоро хоҳад кушод ва ин тасмими “чанд рӯз ё ҳафтаҳои оянда” аст.

Аммо хабаргузории Ройтерз ба нақл аз дипломатҳои НАТО навишт, онҳо мақсад доранд, барои таъсиси як “роҳи эҳтиётии хуруҷ” бо Узбакистон ёддошти тафоҳум ба имзо расонанд. Зоҳиран, НАТО умеди қавитар ба боз шудани роҳҳои Покистонро дорад, вале мехоҳад, имконияти дигареро низ дар даст дошта бошад. Аз сӯе дигар, ин паёме ба Исломобод аст, ки агар ба сарпечӣ идома медиҳад, НАТО нигоҳи худро рӯйи Осиёи Марказӣ тамаркуз хоҳад дод.
Нишасти махсуси НАТО бо ҳайатҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ далели он аст, ки паймон ба ҳамкорӣ бо ин кишварҳо диққат медиҳад.

Масъалаи дигари рӯзи охири ҳамоиши Чикаго ба ояндаи дуртари Афғонистон рабт мегирад. Ташкилу тамрин ва таҳкими нерӯҳои Афғонистон барои бар дӯш гирифтани масъулияти амният ва пойдории Кобул сармояи бузург мехоҳад. Дар даҳ соли баъд аз 2014 он 4 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Бахши асосии онро қарор аст, Иёлоти Муттаҳида бипардозад, Бритониё ва Австралия соле 100, Олмон 200 ва Туркия солона 20 миллион доллар хоҳанд дод.

Ҳамоиши НАТО дар Чикаго яке аз пуриздиҳомтарин ҷаласаҳои ин созмон буд. Дар он сарон ё ҳайатҳои баландпояи зиёда аз 60 кишвар ширкат карданд. Ҳамзамон ҳазорон нафар дар маҳалли баргузории анҷуман бо эътироз аз ҷанги Афғонистон ва вокуниши кишварҳо ба масъалаҳои ҷаҳонӣ даст ба эътироз зада, дар даргирӣ бо полис 45 нафарир онҳо боздошт шудаанд.

Даргирии тазоҳукунандагон ва полис дар Чикаго
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:18 0:00
XS
SM
MD
LG