Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Афғонистон то таниши лафзии Обамаву Зардорӣ


Нишасти НАТО дар шаҳри Чикаго бо қабули эъломия оид ба стратегияи Паймон дар Афғонистон поён ёфт.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар нишасти НАТО таъкид кард, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ Афғонистонро танҳо нахоҳад гузошт ва кишварҳои узви Паймон бо талошҳои муштарак рисолати худро дар Афғонистон ба анҷом мерасонанд.

Дар бузургтарин дар таърих нишасти Паймони НАТО, ба ҷуз ҳайатҳои кишварҳои узв, ҳамчунин намояндагони тақрибан 60 кишвару чанд созмони ҷаҳонӣ ширкат доштанд.

Обама дар нишасти НАТО гуфт, ки “созиши ҳамкориҳои стратегӣ, ки онро ман ва раисиҷумҳур Карзай дар Кобул имзо кардем, инро возеҳ месозад, ки бо вуҷуди масъулиятҳои амниятиро бар дӯш гирифтани афғонҳо, онҳо танҳо гузошта намешаванд. Мо имрӯз дар мавриди ҳамкории дарозмуддати НАТО ва Афғонистон баъд аз соли 2014 ба созиш расидем”.

Нишасти НАТО дар Чикаго эъломияеро пазируфт, ки дар он, аз ҷумла, гуфта шудааст, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама тарҳи НАТО-ро тасвиб кард, ки бар пояи он то поёни соли 2014 нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк мекунанд ва дар кишвар фақат гурӯҳи низомиёни хориҷӣ ба хотири идомаи омӯзишу тамрини нерӯҳои афғон боқӣ мемонанд.

Дар эъломияи нишасти НАТО таъкид шудааст, ки раванди интиқоли масъулияти таъмини амният дар Афғонистон аз НАТО ба нерӯҳои маҳаллӣ то миёнаҳои соли оянда поён меёбад ва нақши нерӯҳои хориҷӣ аз муҳорибавӣ ба ҳимоятӣ табдил мешавад. Дар эъломия омадааст, ки айни ҳол ин раванд ба хубӣ пеш меравад.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон ҳафтаи гузашта изҳор карда буд, ки низомиён ва нерӯҳои амниятии кишвар ҳоло омоданд то таъмини амният дар 75 дар сади қаламрави кишварро бар ӯҳда бигиранд.

Дар эъломия бо ишора ба нишасти сарони НАТО, ки ду сол пеш дар шаҳри Лиссабон, пойтахти Португалия баргузор шуда буд, гуфта шудааст, дар нимаи соли 2013 дар марҳалаи панҷуми интиқоли масъулияти таъмини амният аз нерӯҳои байнулмилалӣ ба нерӯҳои афғон давраи ниҳоии супурдани ин масъулиятҳо шурӯъ мешавад ва таъмини бехатарии ҳама нуқоти Афғонистон пурра бар дӯши артиш, нерӯҳои амниятӣ ва ҳифзи тартиботи Афғонистон вогузор хоҳад шуд. Қарор аст, ки теъдоди нерӯҳои низомии Афғонистон имсол то ба 355 ҳазор нафар расад.

Аҳли нишасти НАТО дар Чикаго ҳамчунин аз Исломобод даъват карданд, ки интиқоли борҳо барои эътилофи байнулмилалӣ аз тариқи хоки Покистон аз сар гирифта шавад. Интиқоли ин борҳо аз қаламрави Покистон ним сол пеш, баъд аз ҳалокати 24 сарбози покистонӣ бар асари зарбаи иштибоҳии ҳавопаймои амрикоӣ, мутаваққиф шуда буд.

Раисони ҷумҳури Амрико ва Покистон.
Раисони ҷумҳури Амрико ва Покистон.
Мавзӯъи интиқоли борҳо дар нишасти НАТО боиси таниши лафзӣ миёни раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва ҳамтои покистонияш Осиф Алӣ Зардорӣ шуд. Обама бетафовутии Зардорӣ дар ин мавзӯъро дар ҷамъи ҳозирин маҳкум кард. Бар пояи хабарҳо, ин таниш рӯзи душанбе бо мусолиҳа анҷом ёфт ва Барак Обама бо Зардорӣ мулоқоти ғайрирасмӣ доир намуд.Обама баъд аз ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт, “мо интизори он ҳам набудем, ки долон барои интиқоли борҳои НАТО тавассути қаламрави Покистон то нишасти Чикаго боз мешавад. Мо болои ин мавзӯъ кор мекунем ва аллакай пешрафт низ ба даст омадааст”.

Баъд аз мутаваққиф шудани интиқоли борҳо аз хоки Покистон, НАТО тасмим гирифт, ки ин корро аз тариқи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ монад. Андерс Фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, дар нишасти Чикаго барои интиқоли ин борҳо аз Русия ва се кишвари Осиёи Марказӣ – Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон изҳори сипос кард, вале аз Тоҷикистон ном набурд.
XS
SM
MD
LG