Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Симои Аҳмадшоҳи Масъуд дар қалби кӯҳ


Ҳоло афроди зиёде аз манотиқи мухталиф барои дидани ин манзара ба Нусай меоянд...

Зимни иҷрои корҳои сохтмони роҳи мошингард дар минтақаи Нусайи Дарвози Бадахшони Афғонистон ва инфиҷори куҳ дар баданаи он аксе аз Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи машҳури ҷиҳоди Афғонистон алайҳи Шӯравӣ, падид омадааст.

Давлати Гулбача, муовини фармондеҳи пулиси ин минтақа бо ироаи аксе аз ин манзара ба "Озодӣ" афзуд, дар воқеъ ин ҳодиса субҳи рӯзи якуми июн иттифоқ уфтодааст. Ӯ гуфт, баъд аз мунфаҷир кардани куҳи бузурге дар танаи он намои фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд дида мешавад, ки мӯъҷиби ҳайрат шудааст.

Ба қавли муовини фармондеҳи пулиси маҳаллӣ феълан афроди зиёде аз манотиқи мухталиф барои дидани ин манзара ба Нусай меоянд.

Давлати Гулбача афзуд, бо дастури онҳо кор дар минтақаи мазкур қатъ шуда, роҳсозон то мушаххас шудани ҳолат иҷозаи шикофтани бештари ин куҳпораро надоранд ва кори куҳкафониро дар дуртари ин маҳал идома медиҳанд.

Акс ва гузорише аз маҳалли ҳодиса ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ ба маркази фармондеҳӣ дар Хоҳон фиристода шуда ва интизори ҳидоят ҳастанд.
XS
SM
MD
LG