Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз кундии демократия дар Шӯравии пешин


Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ аз коҳиши равандҳои демократӣ дар кишварҳои «дар ҳоли гузор» - давлатҳои шӯравии собиқ ва Аврупои шарқӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Ин созмон то куҷо рушд кардан ва заъиф шудани равандҳои демократӣ дар ин кишварҳоро аз рӯи баргузории интихобот, шароити ҷомеаи шаҳрвандӣ, вазъи расонаҳои мустақил, фаъолияти сохторҳои милливу маҳаллии демократӣ, мустақилияти сохтори додгоҳӣ ва сатҳи фасод арзёбӣ кардааст.

Ду кишвари Аврупои Шарқӣ – Маҷористон ва Украина дар садри феҳристи кишварҳое қарор доранд, ки соли гузашта равандҳои демократӣ ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ шуданд. Дар гузориши Freedom House гуфта шудааст, ки равандҳои зиддидемократӣ дар ин ду давлат дар шароити бӯҳрони иқтисодии феълӣ шояд болои дигар кишварҳои дар ҳоли гузор таъсири манфӣ гузорад.

Миёни кишварҳои довталаби узвият ба Иттиҳодияи Аврупо соли гузашта сатҳи демократия дар Маҷористон аз ҳама бештар пойин рафтааст. Дар ин кишвар фасод, сатҳи пойини эътимоди ҷомеъа ба ҳукумат ва шароити бади иқтисодӣ – садди ҷиддие дар роҳи ислоҳоти демократӣ шудаанд. Тайи солҳои ахир дар панҷ кишвари Иттиҳодияи Аврупо – Булғористон, Ҷумҳурии Чех, Литва, Руминия ва Словакия низ каме пойин рафтани сатҳи демократия ба чашм мерасад.

Ба гуфтаи Дэвид Крамер, раиси Freedom House «раҳбарони Маҷористону Украина роҳи «путинсози»-и кишварҳои худро пеш гирифтаанд, ки ин хело ноҷост, ба вижа, ки дар худи Русия «путинизм» соли гузашта худро бадном сохт ва мардуми оддии Русия ҳарчӣ бештар аз ҳукумат хостори озодиҳои шаҳрвандӣ ва шаффофият мешаванд».

Дар гузориши Freedom House гуфта шудааст, Украина, ки баъд аз инқилоби норанҷии соли 2004 раҳ сӯи демократия гирифта буд, дар муддати кӯтоҳ дастовардҳои худро аз даст дод. Дар ин кишвар, ба вижа, мустақилияти додгоҳ зери суол рафтааст ва вазъ дар кишвар ба замони қабл аз инқилоби норанҷӣ наздик мешавад.

Бино ба гузориши Freedom House , дар Озарбойҷон, Белорус ва Узбакистон низ равандҳои зиддидемократӣ назар ба дигар кишварҳо хело боло рафтаанд. Тавре аз шохиси таҳиякардаи Freedom House бармеояд, вазъ дар Тоҷикистону Қазоқистон ҳам беҳтар нест. Муаллифон дар гузориш рӯи равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон тамаркуз накардаанд, аммо ба афзоиши эътирозҳо дар Қазоқистон таъкид намудаанд. Гуфта шудааст, ки дар ин кишвар эътирозҳо алайҳи шароити тоқатфарсои кор дар корхонаҳои нафт сурат гирифтанд ва мақомоти марказиву маҳаллӣ ба баҳси миёни коргарон ва корхонаи нафт фақат баъд аз фоҷиаи моҳи декабри соли гузашта таваҷҷуҳ карданд, ки кормандони полис дасти кам 15 тан аз эътирозгаронро ҳадафи тир қарор доданд.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ки раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ваъдаи тафтиши мустақилонаи ҳаводиси Жанаозенро иҷро накард. Наталя Соколова, вакили дифои коргарони даст ба коршиканӣ зада, ки барои ангехтани низои иҷтимоӣ барои шаш сол маҳкум ба зиндон шудааст, ҳамоно дар маҳбас боқӣ мемонад.

Дар Қирғизистон, ба навиштаи Freedom House, нахустин дар таърихи Осиёи Марказӣ интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор шуд ва бории аввал баъд аз пошхӯрии шӯравии собиқ интиқоли осоиштаи қудрат сурат гирифт. Ва аммо, ба навиштаи муаллифон, ба ин комёбии бузург он омил соя афкандааст, ки то ҳанӯз афроди масъул дар низои миёни ӯзбакҳову қирғизҳо дар ҷануби кишвар дар моҳи июни соли 2010 муҷозот нашудаанд. Ба қавли муаллифон, таҳкими равандҳои демократӣ дар Қирғизистон бо ҳаллу фасли низоъ бо ӯзбакҳои муқими кишвар бастагӣ дорад.

Мирослав Ниёзов, сиёсатмадор ва собиқ Дабири Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, ки “интихоботи озоди раёсатҷумҳурӣ яке аз сутунҳои демократия маҳсуб мешавад. Аммо дар асл мардуми Қирғизистон аз раисиҷумҳури нав ҳам навмед шудааст. Тайи 20 соли истиқлол мо ҳамеша аз раисиҷумҳурҳои ноумед мешавем”.

Ӯ мегӯяд, ки мушкили Қирғизистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ он аст, ки мо на ба фард, балки ба низом бартарӣ медиҳем. “Дар Қирғизистон 8 бор Қонуни асосӣ тағйир ёфт, президентҳову нахуствазирҳо аз мақомашон барканор шудаанд, вале вазъ тағйир наёфта, баръакс бадтар мешавад. Чаро?” Ба гуфтаи мусоҳиби мо, сабаб он аст, ки сиёсатмадорон мутмаинанд фақат низоми давлатдорӣ метавонад кишварро аз бӯҳрон берун кашад. Мирослав Ниёзов меафзояд:

"Низом наметавонад кишварро аз бӯҳрон берун кунад. Аз бӯҳрон кишварро фақат инсон метавонад берун намояд. Инсон ва захираи инсонӣ ҳамеша ҳам кафолати пирӯзӣ ва ҳам сабаби нокомӣ буданд ва мемонанд. Мо имрӯз на барои он мувоҷеҳ ба шикаст шудаем, ки низом хуб ё бад аст, сабаи шикаст он аст, ки афроди дар садри ин низом нишаста раҳнамои сиёсӣ ва иқтисодӣ надоранд."

Гузориши нави Freedom House расман рӯзи 6 июн дар Пажӯҳишгоҳи Legatum дар Лондон ва 7 июн дар Брюссел дар ҳамкорӣ бо Бунёди Олмонии Маршал муаррифӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG