Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кофтукоби манзили мухолифони Путин дар Русия


Дар Русия манзили раҳбарони нерӯҳои мухолифин мавриди ҷустуҷӯи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифт.

Бовар меравад, ин иқдом ба хотири ҷилавгирӣ аз эътирозҳои сартосарӣ аз бозгашти Владимир Путин ба мақоми президентӣ сурат гирифтааст. Ба ҳангоми кофтукоби манзили Борис Немтсов, Иля Яшин, Ксения Собчак, Сергей Удалтсов, Алексей Навалний ва панҷ нафари дигар пулис бо силоҳҳои оташфишон мусаллаҳ будааст.

Удалтсов гуфт, ӯву ҳамсарашро барои бозпурсӣ ба Кумитаи федеролии таҳқиқот даъват кардаанд. Фаъоли ҳуқуқи инсон, Лев Пономорев, ин тафтишотро талоше барои халалдор кардани эътирозҳои рӯзи сешанбе ва аз ширкат дар раҳпаймоӣ боздоштани нафарони дигар маънидод кард.

Дар Кумитаи федеролии тафтишот мегӯянд, даъват ба бозпурсӣ ба бебандубориҳои рӯзи 6-уми май вобаста аст, ки бо боздошти садҳо нафар дар остонаи савгандёдкунии президент Владимир Путин тамом шуд. Дар сурати муттаҳамшавии мухолифон дар ташкили беназмиҳои оммавӣ онҳоро то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Таҳлилгари сиёсии Радиои Озодӣ дар Маскав, ки барномаи изтирории зиндаро дар робита бо кофтукоби манзилҳо барпо кардааст, мегӯяд, тамоми талошҳои мақомот ин аст, ки аз ҳузури зиёди мардум дар эътирозҳои рӯзи 12-уми июн ҷилавгирӣ кунанд. Аз Михаил Соколов дар як сӯҳбати телефонӣ пурсидем, ба он чи ки имрӯз дар Маскаву нуқоти дигари Русия мегузарад, чӣ баҳо медиҳад?

Соколов: "Ин як вокуниши ғайриоддии мақомот, политехнологҳо ва мақомоти ҳифзи қонун аст. Намедонам, чаро, аммо онҳо дар робита бо эътирозҳо ва фошкориҳои мавридҳои фасоду ришват асабонӣ ҳастанд. Онҳо шояд мехоҳанд, мардумро тарсонанд, то ки шумори зиёди онҳо ба майдонҳо нарезанд. Аммо, ба бовари ман, ҳамаи ин натиҷаи баръакс медиҳад, ва дар ин ҳавои гарму офтобӣ, ки одатан бисёриҳоро барои истироҳати берунишаҳрӣ ташвиқ мекунад, шумори ширкатдорони эътирозҳо бештар хоҳад шуд. Ин фишорҳо баръакс, барои онҳое, ки ҷонибдори тағйирот дар кишваранд, як маъракаи таблиғотӣ шуд."

Радиои Озодӣ: Яъне, мухолифон аз қонуни таҳриршудаи муҷозоткунандаи эътирозгарон натарсиданд, ки мизони ҷаримаро барои вайронкунандагони муқаррароти намоишҳои ҷамъиву раҳпаймоиҳо шадидтар кардааст?

Соколов: "Зоҳиран, агар тартиботи ҷамъиятӣ вайрон нашавад ва амният таъмин бошад ва ба даъвову бархӯрдҳо роҳ дода нашавад, қонун ҳам вайрон намешавад. Ман аз тамоми эътирозҳои ахир, дар моҳҳои декабру январ ва ҳам эътирозҳои майдони Болотная, ҳамин хел фаҳмидам, ки дар аксар ҳолатҳо, бархӯрду бетартибиҳо бар асари рафтори ношоями пулис сар мезаданд. Фикр мекунам, ташкилкунандагони эътирозҳо ин қонуни навро ба эътибор хоҳанд гирифт. Ин як имтиҳон барои худи мақомот ҳам ҳаст, чунки онҳо метавонанд нишон диҳанд, ки дар Русия ҳам мисли Аврупо раҳпаймоиҳои бонизом барпо кардан мумкин аст, ё ин ки онҳо ҷонибдори провокатсия ҳастанд. Мо мебинем, ки то куҷо лафзи Путин ва ҳамкоронаш бо тақозоҳо муносиб аст."

Радиои Озодӣ: Бино ба хабарҳо, раҳбарони мухолифин як "Манифести озодии Русия"-ро қабул кардаанд. Ин чӣ санад аст ва фикр мекунед, шумори тарафдорони он аз 20 нафари то ҳол имзокарда бештар мешавад?

Соколов: "Муҳим нест, ки чанд нафар зери он имзо кардааст. Муҳим ин аст, ки сиёсатмадорони мухталиф, аз ҷонибдорони андешаҳои либералӣ сар карда, то чапгароҳову демократҳои суннатӣ онро пазируфтаанд. Ин ҳамон барномаи ҳадди ақаллест, ки оппозитсиюн болои он кор кардааст. То ҳол мақомот мегуфтанд, ки мухолифон пешниҳоде барои мардум надоранд. Маълум мешавад, ки мухолифони ҳар ранг - аз тундгароҳову миллатгароҳо, то демократҳову росту чапгароҳо як “барномаи минимум”-и худро пешниҳод кардаанд, ки он фаъолияти демократии сохторҳои давлатиро тақозо мекунад. Маҳак ё асли хости онҳо интихоботи озоду қонунӣ, барқарории сохти конститутсионӣ, ислоҳоти додгоҳӣ ва дигар талабот аст. Ин санад як платформаи муттаҳидшавии ҷунбишҳои оппозитсионӣ аст, ки ба оянда нигаронида шудааст."

Баргузории эътирозҳои рӯзи сешанбе бо иҷозати шаҳрдории Маскав ташкил шуда, дар он на бештар аз 50 ҳазор нафар метавонанд иштирок кунанд. Рӯзи 12-уми июн – ҷашни миллии истиқлолияти Русия таҷлил мешавад.
XS
SM
MD
LG