Масдуд кардани торнамои "Азия-Плюс" аз сӯи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистонро бархе аз коршиносон далели барҷастатар шудани нақши сензурии ин ниҳод дар расонаҳои электронӣ арзёбӣ мекунанд.
Рӯзи 12-уми июн Хадамоти алоқа торнамои серхонандатарини кишвар - "Азия-Плюс"-ро расман ба далели "мушкилоти фаннӣ", аммо дар асл барои фароҳам сохтани майдон барои интиқодҳои муаллифони беном аз ҳукумату раҳбарони Тоҷикистон масдуд кард. Бино ба созиши байни раҳбарияти хадамот ва "Азия-Плюс" мушкил рафъ гашт, вале масъулони торнамо ҳушдор гирифтаанд, ки дар ҳоли такрори чунин вазъ дастрасӣ ба сомонаи онҳо пурра қатъ хоҳад шуд.
Бек Зуҳуров, сарвари Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, тасмими худро дар мавриди “Азия-Плюс” на сензура, балки масъулияти худ медонад. Вай дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, дар баҳсҳои ҳошияи мақолаҳои "Азия-Плюс" на фақат ба мансабдорони қаторӣ, балки ба раҳбарону вазирони кишвар ҳам беҳурматӣ мекарданд.
Ҷаноби Зуҳуров афзуд, масъулони сомона метавонанд, ин шарҳҳоро нагузоранд ва шарҳи таҳқиромезро роҳ надиҳанд: "Мо ҳам мефаҳмем. Аз осмони ҳафтум нафаромадаем. Журналистика бояд аз "бозори сиёҳ" фарқ кунад. Паҳн кардани ахбори бардурӯғ ҳам мисли қочоқи маводи мухаддир ва ҳатто бадтар аз он аст. Мо ҳам як бор чашм мепӯшем, ду бор чашм мепӯшем, дар ниҳоят бояд чораи мушаххас бояд биандешем. Аммо мардум ин вазъро дигар хел фаҳмида истодаанд. Ҳар рӯз ба мо менависанд, ки чаро нисбати раҳбари давлат ва дигарон ҳар гуна ҳарфҳои ношоиста менависанд, аммо мо хомӯшем."
Дар ҳамин ҳол, Зебо Тоҷибоева, муҳаррири торнамои "Азия-Плюс", мегӯяд, вақте Хадамоти алоқа барои як ё ду шарҳе, ки шояд иштибоҳан ба сомона роҳ ёфтаанд, як расонаро маҳдуд мекунад, бидуни шак, ҳарфи сензура дар миён аст: "Агар онҳо масъулияти танзими ҳодисаҳои минтақаи tj-ро ба зимма гирифтаанд, лоақал метавонистанд ба мо занг зада, гӯянд, ки фалон шарҳ дар бораи фалон мансабдорро аз саҳифа ҳазф кунем. Масъули фаннии сомона метавонад, хато кунад. Аммо на занг заданд ва на пешакӣ огоҳӣ доданд."
Мавридҳои сайтбандӣ дар Тоҷикистон ду соли охир низ зиёд ба назар мехӯрд. Моҳи сентябри соли 2010-ум, пас аз шурӯи ноамниҳо дар водии Рашт, дар қатори чанд нашрияи мустақил фаъолияти сомонаҳои "Авесто", "Тоҷнюс", "tjknews.com, centrasia.ru аз сӯи он замон Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон ба далели "тахриб шудани ноқил" масдуд шуда буд. Баъдан вазири вақт Олим Бобоев далели онро амниятӣ унвон кард.
Моҳи майи соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон дар баробари "Ҷамоати Ансоруллоҳ", фаъолияти сомонаҳояш - irshod.net ва irshod.com - ро низ манъ намуд. Аммо тайи як соли охир умдатан сомонаҳое масдуд мешаванд, ки алайҳи ҳукумати Тоҷикистон матлаб нашр мекунанд ва ҳам дар атрофи матолиб баҳсҳои озод бо ширкати умдатан муаллифоне, ки бо имзои мустаор менависанд, сурат мегиранд.
Моҳи марти соли равон ҷорӣ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо як дастур аз ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон хост, сомонаҳои - Zvezda.ru, Tjknews.com, Maxala.org ва дар баробари онҳо шабакаи Фейсбукро масдуд кунанд. Баъдтар Фейсбук дигарбора фаъол шуд ва бақия то ба ҳол дастнорасанд. Бек Зуҳуров мегӯяд, ин сомонаҳо ҳамагӣ аз хориҷ чархонда мешаванд ва алайҳи ҳукумат ва амнияту суботи Тоҷикистон матлаб нашр мекунанд.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки то куҷо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон метавонад расонаҳои электрониро сензура кард? Асомуддин Атоев, сарвари Академияи технологияҳои иттилоотӣ ва мухобиротӣ, мегӯяд, зарфиятҳои хадамот барои пурра сензура кардани интернет кифоят намекунад: "Ҳама кор нисбӣ аст. Нисбатан мешавад сензура ҷорӣ кард. Аммо ин муваққатӣ хоҳад буд. Он вақт, ки корбар аз технологияҳои гузаштан аз ин сайтбандиҳо огоҳӣ меёбад, ин мушкил ҳам рафъ мешавад. Аз дигар ҷониб, таҷрибаи ҳамин сайтбандиҳои Хадамоти алоқа нишон дод, ки бо бастани сомонаҳо маҳбубият ва шӯҳрати онҳо меафзояд, мардум аз онҳо бештар огоҳ мешаванд."
Моҳи майи соли равон созмонҳои рӯзноманигорӣ зимни як нома ба раисиҷумҳури Тоҷикистон дархост карда буданд, ки ниҳоят дар қонунгузории кишвар роҳҳои қонунии бастани сомонаҳо рӯшан карда шавад. Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, мегӯяд, бо бастани сомонаҳо ҳам ҳукумат интиқод мешавад, ки озодии баёнро маҳдуд мекунад ва ҳам шартномаи байни ширкатҳои интернетрасон ва муштариёни онҳо поймол мешавад.
"Ҳамон механизми танзимкунандаи роҳандозии "блокировка"-и сайтҳо дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Яъне, як сайт бояд дар кадом шароит ва чаро бояд баста шавад. Ягон қонун ё санад дар ҳеҷ як аз мақомоти ҳукуматӣ ё порлумони Тоҷикистон ба баррасӣ гирифта нашудааст. Ширкатҳои интернетрасон ҳам ҳеҷ як пешниҳоде дар ин замина ба мақомот пешниҳод накардаанд",-афзуд ӯ.
Корманди як ширкати интернетрасон, ки нахост номаш зикр шавад, дар посух ба суоли мо, ки чаро бо Хадамоти алоқа дар бастани сомонаҳо ҳамкорӣ мекунанд, посухи кӯтоҳ дод: "мо тиҷорат мекунем, на сиёсат".