Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқи тоҷик: "Ягон қатраи об беҳуда сарф намешавад"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" хабари бархе аз расонаҳо дар бораи масрафи беҳудаи оби "Норак"-ро рад намуданд.

Мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" хабари бархе аз расонаҳои русӣ дар бораи масрафи беҳудаи оби обанбори "Норак"-ро рад карданд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми июн гуфт, "ин ҳарфҳо асос надоранд. Ягон қатраи об беҳуда сарф намешавад." Ба таъкиди Ёдгорӣ интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон низ тибқи меъёри лозима ҷараён дорад.

Қаблан бархе аз расонаҳои русӣ навиштанд, ки Тоҷикистон ба мушкили фурӯши барқи изофӣ дар фасли тобистон рӯбарӯ шуда, маҷбур гардидааст, оби обанбори Норакро "беҳуда" партояд. Ба навиштаи ин расонаҳо, дар ҳоли ҳозир сатҳи об дар обанбори Норак 1500 метри мукааб дар сонияро ташкил медиҳад, ки аз он 715 метри мукааб барои тавлиди нерӯи барқ истифода шуда ва беш аз 300 метри мукаабаш беҳуда партофта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, хабарҳое ҳам нашр шуда, ки ҳафтаи ҷорӣ ба манзури баррасии мавзӯи интиқоли солонаи нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ҳайате аз мақомоти энержии он кишвар вориди Душанбе хоҳанд шуд. Аммо Бежани Салҷуқӣ, як корманди сафорати Афғонистон дар Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, ҳафтаи ҷорӣ ҳайате аз мақомҳои вазорати энержии Афғонистон ба Тошканд рафта, қарордоди ҳамкорӣ бо Узбакистон дар масъалаи интиқоли нерӯи барқро баррасӣ кунанд.

Вай афзуд, шояд дар ҳафтаҳои баъдӣ мақомоти энержии Афғонистон ба манзури бозбинии қарордоди ҳамкорӣ дар замаинаи хариди нерӯи барқи Тоҷикистон ба ин кишвар ҳам биёянд.

Бо ин ҳам Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, мегӯяд, ҳар ду кишвар то ба ҳол дар заминаи интиқоли нерӯи барқ ҳеҷ мушкиле надоштанд ва Кобул алоқаманди харидории ҳар чӣ бештари нерӯи барқ аз Тоҷикистон аст.

Тибқи омор дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба Афғонистон ба миқдори 1,3 миллион киловат соат нерӯи барқро дар шабонарӯз бо нархи севуним сенти амрикоӣ мефурӯшад.

Ин ҳам ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни дидор бо Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, дар моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе гуфта буд, Тоҷикистон дар соли ҷорӣ интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистони ҳамсояро ба 700 мегават хоҳад расонд.
XS
SM
MD
LG