Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Шигифтзадагии як амрикоӣ аз Боғи ҳайвоноти Душанбе


Метю Аскарипур, донишҷӯи амрикоӣ, аз вазъи ҷонварони Боғи ҳайвоноти Душанбе шигифтзада шудааст.

Донишҷӯи амрикоӣ, Метю Аскарипур, баъди боздид аз Боғи вуҳуш ё ҳайвоноти Душанбе – пойтахти Тоҷикистон дар саҳифаи Твиттери худ навиштааст, “дигар наметавонам ба Боғи ҳайвонот биравам”.

Аксарипур ин ҳарфҳоро дар ҳоле навишта, ки вазъи ногувори ҷонварони Боғи ҳайвоноти Душанбе ӯро шигифтзада кардааст. Вай дар Твиттер як акси шутуреро аз ин Боғи ҳайвонот чоп карда, ки рӯи замин хобидаву вазъи чандон хубе надорад ва маълум нест, он мариз аст, ё саиҳат.

Ин мавзӯъ дар ҳоли ҳозир дар шабакаи Фейсбук ҳам баъзе вокунишҳоро ба бор овардааст. Ҷасур Ашӯров, як корбари Фейсбук дар саҳифаи "Платформа" навиштааст, "бояд Боғи ҳайвонотро ба тартиб овард ва ё ин ки набояд кӯдакону хориҷиҳоро ба он ҷо роҳ дод." Зеро ба гуфтаи ӯ, баъд аз боздиди Боғи ҳайвонот дар ёди кӯдакон тасаввуроти нодуруст роҷеъ ба ҳайвонот боқӣ хоҳад монд.

Қаҳрамон Бақозода ҳам навиштааст, ӯ ин шутурро дида ва як навори видеоӣ ҳам гирифтааст, то ба одамон нишон диҳад, ки ин шутур бемор аст, ё на.

Мавзӯи Боғи ҳайвонот ва вазъи ногувори ҷонварон дар ҳоле баҳс мешавад, ки моҳи феврали соли ҷорӣ ягона баҳмути ин боғ, маъруф бо номи "Турсунбой" фавтид. Масъулони Боғи вуҳуши Душанбе гуфтанд, ки баҳмут бар асари бемории дил фавтидааст. Иддаое, ки аксариятро ба ханда овард, ба ҷои он ки дили онҳоро таскин бахшад.

Он замон баъзе аз расонаҳои Қазоқистон фарзияи дигари марги “Турсунбой”-ро баён карданд. Бино ба навиштаи онҳо, гӯиё ҷониби Душанбе барои нигаҳдории баҳмут шароити заруриро натавонистааст таъмин бикунад. Ин аст, ки ба қавли онҳо, "Турсунбой" ба сардиҳои зимистони гузашта тоб наоварда, фавтидааст.

Баҳмут "Турсунбой" 11 моҳи пеш аз боғи ҳайвоноти Шимкенти Қазоқистон ба шаҳри Душанбе оварда шуд. Мақомоти боғи ҳайвоноти Душанбе бар ивази "Турсунбой" ба Боғи ҳайвоноти Шимкент чаҳор паррандаи нодирро тақдим карда буданд.
XS
SM
MD
LG