Барои ин пул дод ва ҳам вақти зиёд сарф кард, то номи миллиеро, ки падару бобояш 16 сол пеш ҳангоми ба дунё омаданаш ба ӯ дода буданд, иваз кунад:
«Ба ман гуфтанд, ки бо ин насабе, ки ту дорӣ шиноснома гирифта наметавонӣ. Барои гирифтани пасванди «ов» ба ман боз мушкилоти зиёде пеш омад. Барои ин рафта аз ҷои таваллуд шаҳодатномаи нав гиритфан даркору хулоса даводави зиёд даркор барои ин. Қариб 1 моҳ идома мекунад. Ростӣ намехостам, ки иваз кунам ин насаберо, ки 16 сол пеш падару бобоям бароям гузоштаанд. Сабабро пурсидем, гуфтанд ин фармон аст ва бояд чунин шавад.»
Бо шурӯи мавсими дохилшавӣ ба донишгоҳҳо, масъалаи табдили додани ному насабҳои тоҷикии дорои пасвандҳои “зода”, “пур”, “духт” ба шакли русии “ов”, “ев" ва «ич» доғу муҳимтар шудааст. Мисли Муҳаммадраҷаб имрӯз кам нестанд ҷавонони 16-17солае, ки ному насаби тоҷикӣ доранд ва барои гирифтани шиноснома дари шӯъбаҳои сабти ҳоли шаҳрвандиро мекӯбанд то насабҳои худро дар санадҳо тағйир диҳанд.
Аксари онҳо мегӯянд, бо дархости масъулон маҷбур шудаанд аз пасояндҳои тоҷикии -ён, -зода, -пур, -дӯхт даст кашидаву ба шакли русии –ов, -ев, -вич рӯй оранд.
Муқаддаси Наҷмиддин ҳам имсол баробари хатми мактаб ба худ насаби Раҳмоноваро гирифт. Ба ӯ низ фаҳмонидаанд, ки ба хотири дар оянда ба мушкил дучор нашудан беҳтар аст аз ҳоло барчаспи “ов” гирад: «Мушоҳида кардам ҳоли дигар ҳамсабақонамро ва ба ман ҳам шиносҳо ва волидонам гуфтанд, ки бо ному насаби тоҷикӣ дар оянда метавонад ба мушкилоти зиёде дучор оям. Ва барои ҳамин дар санадҳо ҳоло ман чун Муқаддас Раҳмонова муаррифӣ мешавам».
Аммо кормандони Хадамоти ҷумҳуриявии шиносномадиҳӣ мегӯянд, масъалаи гирифтан ва ё тағйир додани ному насаб бо хоҳиши ҳар як шаҳрванд сурат мегиранд ва онҳо касеро водор ба табдили ному насаб намекунанд.
Истад Шоҳмирзоева, як масъули ин хадамоти вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, шиноснома дар асоси маълумоти зоднома ё шаҳодатномаи таваллуд дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз аксари шаҳрвандон бо хоҳиши худ мехоҳанд, навишти номи худро ба русӣ гардонанд: «Худашон омада мегӯянд, ки мо оянда бо ин ном дар берун аз кишвар мушкил мекашем. Дар хадамоти шиносномадиҳӣ касеро маҷбур намекунанд».
Аммо, агар ба гуфтаи масъулон ин кор маҷбурӣ нест, пас чаро ин амр дар саросари кишвар ҷараён дорад? Шоҳмуҳаммад Ҳайдарӣ, номзади илми филология ва номшиноси тоҷик мегӯяд, омили аслии бозгашти шаҳрвандон ба ному насабҳои қаблӣ ин аст, ки насабсозӣ ё номгузории тоҷикиро дар Русия қабул надоранд ва ин барои аксарият ҳанӯз аз дохили кишвар сар карда мушкил эҷод мекунад.
Аммо Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд афроди зиёдеро мешиносад, ки бо ному насаби хонаводагӣ ва тоҷикӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба мувафаққиятҳои зиёд ноил шудаанд. Ӯ дар ин маврид, ки иҷборан насабҳои тоҷикӣ ба русӣ иваз карда мешаванд, худи шаҳрвандону ҷавононро айбдор медонад. Оқои Маҳмуд мегӯяд, агар кас мавқеи шаҳрвандии худро дуруст дарк мекунаду аз ҳаққу ҳуқуқи худ огоҳ аст, метавонад бо ҳамон ному насаби тоҷикӣ ва хонаводагии худ шиноснома бигираду бидуни мушкил фаъолияташро идома бидиҳад:
«Агар ҳам дар ин маврид ба як нафар мушкил пеш омад, онҳо бояд ба додгоҳҳо шикоят бибаранд, зеро дар Тоҷикистон гирифтани ному насаб барои ҳар як шахс озод аст. Дар хурдӣ падару модар муайян мекунад, ки фарзандаш бо кадом ному насаб муаррифӣ шавад. Мушкили ҷомеаи мо мушкили худи шаҳрвандон аст, ки аз ҳуқуқи худ ба пуррагӣ огоҳ нестанд.»
Вале бо ин ҳама ҷавононе, ки иҷборан барои гирифтани шиноснома ба тағйири ному насаб водор карда шудаанд, мегӯянд, ин мушкил зиндагии онҳоро дар ин мавсими сарнавиштсози дохилшавӣ ба донишгоҳҳо, мушкилтар кард: «Масалан он ҷавононе, ки мехоҳанд дар хориҷ аз кишвар таҳсил кунанд, фақат барои надоштани пасванди “ов”-у “ич” дар ному насабашон вақти зиёди талаф карданд, онҳо дар баробари шиноснома бояд шиносномаи хориҷӣ ҳам бигиранд ва ин ҳама албатта кори чунин ҷавононро хеле сангин кард.»
Тағйири ному насаб дар давраҳои пеш ба хонаводаҳои зиёиён рабт дошт. Вале маъракаи бозгашт ба номгузории тоҷикӣ ба даврони баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ рост меояд ва то ин замон аксари зодагони даврон истиқлолият дар ҳуҷҷатҳои шахсиашон номҳои тоҷикӣ доранд.
Дар рӯзи Наврӯзи соли 2007 раисҷумҳури Тоҷикистон ва бо пайравӣ аз ӯ, як идда вазирону мақомдорони Тоҷикистон низ аз пасвандҳои русии «ов»-у «ев» даст кашиданд. Аз ҷумла вазирон Гул Шералӣ, Шариф Раҳимзода, Ғулом Бобозода низ дар ин давра ному насаби худро тағйир дода буданд.