Ба гуфтаи ҷаноби Соманаҳаллӣ Кришна, Ҳиндустон умедвор аст, ки ҳамкориҳо бо шарики стратегияш дар Осиёи Марказӣ дар бахшҳои гуногун тақвият меёбад.
Дар ҳамин ҳол ба назар мерасад, ки дар ин сафари раҳбари идораи сиёсати берунаи Ҳиндустон ҷонибҳо дар мавриди дар ихтиёри Деҳлӣ гузоштани фурудгоҳи низомии “Айнӣ” боз ҳам ба натиҷае нарасиданд. Ягона изҳороте дар ин бора садо дод – радди интиқоли техникаву таҷҳизот ва муҳимоти низомии Ҳиндустон ба ин фурудгоҳ буд. Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, баъд аз мулоқоташ бо ҳамтои ҳиндаш таъкид намуд, ки «Ҳинд танҳо дар бозсозии фурудгоҳи «Айнӣ» кӯмак мекунад ва ҳеҷ навъ техника ва муҳимоти низомии нерӯҳои ҳавоии ин кишвар дар ин пойгоҳ мавҷуд нест.”
Ним сол қабл бархе аз расонаҳо дар бораи дар ин фурудгоҳ ҷойгир шудани ҳавопаймоҳои нерӯҳои ҳавоии Ҳинд ва ҷангандаҳои ба иҷора гирифта аз Русия хабар дода буданд, аммо вазорати дифои Тоҷикистон ин иддаоҳоро рад карда буд.
Ёдовар мешавем, бар асоси созиши даҳ сол пеш миёни Душанбе ва Деҳлӣ имзошуда, Ҳиндустон масъулияти бозсозии ин фурудгоҳро бар дӯш гирифта буд. Барои эҳёи дубораи фурудгоҳи "Айнӣ" ҳукумати Ҳиндустон 70 миллион доллари амрикоӣ харҷ кард.
Коршиносон мегӯянд, ки айни ҳол саҳми Ҳинд дар рушди иқтисоди Тоҷикистон чандон чашмрас нест. Қарор аст, ки имсол эҳё ва бо таҷҳизоти муосир таҷҳизонидани нерӯгоҳи Варзоб-1 бо сармояи тақрибан 17 миллион доллар сармояи Ҳиндустон анҷом ёбад.Татбиқи ин тарҳ чаҳор сол пеш шурӯъ шуда буд ва ширкатҳои ҳиндии BHEL ва NHPC бояд онро аввалҳои соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор медоданд.
Бар пояи иттилои расмӣ, Ҳиндустон ба Тоҷикистон дар рафъи паёмадҳои зимистони қаҳратуни соли 2008, обхезиҳои соли 2009 ва сели мудҳиш дар шаҳри Кӯлоб, ҳамчунин дар ҷилавгирӣ аз паҳншавии маризии полиомиелит кӯмаки моливу фаннӣ кардааст.
Коршиносон ба он нукта ҳам таъкид мекунанд, ки Ҳиндустон дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам нақши муассир надорад. Дар ҳоле, ки Чин дар минтақа аз тарҳҳои бузурги иқтисодӣ кор мегирад ва барои ин миллиардҳо доллар сарф мекунад, Деҳлӣ фақат тарҳҳои хурду камаҳамиятро рӯи даст гирифтааст.
Татяна Шаумян, раиси Маркази ҳиндустоншиносии Академияи улуми Русия мегӯяд, ки дар таҳия ва татбиқи тарҳҳои иқтисодӣ, Чин назар ба Ҳиндустон бартарӣ дорад, зеро бо се кишвари Осиёи Марказӣ марзҳои муштарак дорад. Ӯ меафзояд, равобити Деҳлӣ бо Осиёи Марказӣ таърихи ҳазорсола дорад ва Ҳиндустон бидуни шак мехоҳад бо ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, бо Тоҷикистон робитаи наздиктар дошта бошад.
Ҳамзамон, ба гуфтаи хонум Шаумян, Деҳлӣ хуб дарк мекунад, ки Осиёи Марказӣ ба саҳнаи рақобат миёни се абарқудрати дигар – Русия, Чин ва ИМА табдил шудааст ва онҳо аз вуруди дигар кишварҳо, аз ҷумла, Покистону Ҳиндустон ба ин рақобат ҷилавгирӣ хоҳанд кард. Аз нигоҳи хонум Шаумян, нақши муассиртари Ҳиндустон дар Осиёи Марказӣ дар ҳоле мумкин аст, ки ин кишвар ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой пазируфта шавад.
Аммо ин раванди осон нест, мегӯяд Татяна Шаумян, зеро Чин бо вуруди тағйирот ба ойинномаи созмон узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой шудани Ҳиндустонро мушкил кардааст. Аз сӯи дигар, агар Русия барои вуруди Ҳиндустон ба ин созмон пойфишорӣ кунад, Чин барои узви созмон шудани Покистон талош хоҳад кард.
Ҳабибулло Раҷабов, раиси бахши ҳинду-урдуи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ки Ҳиндустон талоши тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа аст ва аммо ҳоло маҷбур аст, ки ба нақши нозир дар масоили Осиёи Марказӣ қаноат кунад. Сабаби инро донишманди тоҷик бо маҳдуд будани роҳҳои ҳамлу нақл миёни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ бар асари ноамнӣ дар Покистону Афғонистон бастагӣ медиҳад. Ба гуфтаи профессор Ҳабибулло Раҷабов, айни ҳол хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Деҳлӣ муназзам нест, роҳҳои мавҷудаи заминӣ тӯлонӣ ва ноамнанд.
Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод низ бо ин гуфтаҳо мувофиқ аст ва мегӯяд, ки Деҳлӣ метавонад бо дарёфти созиш бо Покистон дар татбиқи ҳадди аққал ду тарҳи бузурги минтақаӣ ширкат кунад: “Яке аз тарҳҳо – роҳ аз тариқи дараи Вахон, роҳ аз Дурабасти Покистон то Ишкошими Тоҷикистон тавассути қаламрави Афғонистон – тарҳи басо муҳим аст ва Ҳиндустон ҳам метавонад ба он ҳамроҳ шавад ва ба кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳ пайдо кунад”.
Дипломати тоҷик меафзояд, Ҳиндустон дар тарҳҳои энержии минтақаӣ ҳам метавонад саҳм бигирад ва аз ҷумла бо ҳамкорӣ дар тарҳи CASA-1000 аз нерӯи барқи Осиёи Марказӣ бархӯрдор шавад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Зубайдулло Зубайдов: “Тоҷикистон, ки аз сиёсати дарҳои боз кор гирифтааст, талош мекунад то дар вазъи рақобати миёни Ҳинду Покистон бо ҳардуи ин кишварҳо дӯст боқӣ бимонад ва дар рӯи даст гирифтани тарҳҳои гуногун ба ягон кишвар бартарӣ ё афзалият намедиҳад”.
Ва аммо Ҳиндустон дар рушди кадом соҳаҳои Тоҷикистон метавонад нақш дошта бошад? Донишманд Ҳабибулло Раҷабов мегӯяд, ки “Ҳиндустон яке аз даҳ кишвари пешрафтаи олам аз лиҳози бо техника муҷаҳҳаз кардани бахши кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Ва Ҳиндустон таҷрибаи ғании худро дар Тоҷикистон метавонад пиёда кунад. Дар Ҳинд технологияи муосир ҳам рушд кардааст ва Тоҷикистон аз ин таҷрибаи андӯхтаи ин кишвар ҳам метавонад истифода барад. “
Ӯ меафзояд: "Ҳанӯз замони шӯравӣ вазири тиҷорати Тоҷикистон Каттаев дар як сафараш ба Деҳлӣ ба компютерҳои тавлиди Ҳинд таваҷҷӯҳ карда ва хостори таъмини идораву муассисаҳои Тоҷикистон бо ин компютерҳо шуда буд ва тайи беш аз ду даҳсола ин соҳа дар Ҳиндустон ба таври бесобиқа пеш рафтааст”.
Ҳабибулло Раҷабов ҳамкории Душанбеву Деҳлӣ дар бахши энерҷӣ ва илму фарҳангро ҳам барои ҳарду ҷониб муфид мехонад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқоташ бо Соманаҳаллӣ Малайя Кришна зикр намуд, ки имкону захираҳои истифоданашуда миёни Тоҷикистону Ҳиндустон хеле зиёданд. То имрӯз, ба гуфтаи сарвари Тоҷикистон, миёни Душанбеву Деҳлӣ 35 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шуда, бо сармояи Ҳиндустон дар Тоҷикистон 5 корхонаи муштарак фаъолият мекунад.
Ба гуфтаи коршиносон, сарвари Тоҷикистон бо ин гуфтаҳо ишора кардааст, ки ба густариши ҳамкориҳои миёни Душанбеву Деҳлӣ, аз ҷумла, вуруди сармояи Ҳинд ба кишвар мухолиф нест.