Имрӯз Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Ҷӯрабек Охунов-раиси пешини ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр»-ро эълон кард.
Шавкат Абулхайров-қозии Додгоҳи олӣ ҳангоми қироати ҳукм гуфт, ки Охунов ба 14 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум мешавад. Ба гуфтаи вай, тибқи Қонуни афви Тоҷикистон аз се як ҳиссаи ин мӯҳлат кам карда шуда, замони адои ҷазои Охунов аз таърихи бозошташ, яъне аз моҳи ноябри соли 2010 ҳисоб карда мешавад.
Қозии додгоҳ гуфт, Охунов аз рӯи ҳамаи иттиҳомоти пешниҳодкардаи додситонӣ, аз ҷумла қаллобӣ, пешбурди соҳибкории ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб моли худ кардани маблағҳои муштариён гунаҳгор эълон шуд.
Шӯҳрат Қудратов-вакили мудофеи Охунов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ шарҳ дод, ин ба он маъност, ки нафари таҳти ҳимояташ аз рӯи ҳукми додгоҳ боз 7 солу 8 моҳи дигарроъ дар зиндон сипарӣ мекунад. Вай афзуд, ки на ӯ ва на зерҳимояаш ин ҳукмро қабул надоранд ва мехоҳанд бар зидди ин ҳукм шикоят бибаранд.