Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО аз гушоиши роҳҳои заминии Покистон истиқбол кард


Мошини бории НАТО дар Покистон
Мошини бории НАТО дар Покистон
Мақомоти НАТО дар Афғонистон аз гушоиши роҳҳои заминӣ барои интиқоли бору колои нируҳои ин паймон истиқбол карданд. Генерал Гунтер Катс-сухангӯи нируҳои НАТО дар Афғонистон дар бораи вокуниши НАТО ба ин иқдоми Покистон чунин гуфт:

“Мо аз гушоиши роҳҳои заминии Покистон хеле хуш истиқбол мекунем. Марҳалаи аввали гушоиши роҳҳои иртиботӣ қабл аз ҳама навмедиҳо дар ҳамлу нақли муттавваққифшударо аз байн мебарад”.

Покистон розӣ шудааст, ки рӯзи сешанбе баъд аз “узрхоҳии самимона”-и Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико барои куштори 24 сарбози покистонӣ дар як ҳамлаи ҳавоии нируҳои Амрико дар моҳи ноябр роҳро дубора боз кунад. Бастани масири Ҷануб аз роҳи Покистон НАТО-ро водор кард, ки роҳҳои дигар, яъне дар масири Шимол тавассути Осиёи Марказӣ ва Русия ҷустуҷӯ кунад. Ин масир барои ҳамлу нақл гаронтар аст.

Мақомоти покистонӣ мегӯянд, ки мошинҳои борӣ, ки ба ҳамлу нақли борҳои НАТО машғул буданд, баъд аз 7 моҳи таваққуф дубора ба ҳамлу нақли борҳои НАТО аз роҳи Покистон шурӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG