Инҳо аз шумули 8 сарбозе мебошанд, ки ду ҳафтаи пеш аз Душанбе ба вилояти Бадахшон тариқи роҳи Кӯлоб-Шӯрообод, барои адои хидмати ҳарбӣ интиқол меёфтанд. Аммо Икром Зоиров, додситони низомии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ин сарбозон дар ҳудуди ноҳияи Шӯрообод ҳангоми убур аз купруки тахрибшуда фирор карданд.
Икром Зоиров дар сӯҳбат бо «Озодӣ», гуфт, «як нафари онҳо худаш пушаймон шуда зуд баргашт ва ду нафараш ҳангоми кофтукоби хонаи волидонашон пайдо гардиданд. Аммо то ҳоло аз панҷ нафари дигар нишоне нест. Мо бо наздикони онҳо сӯҳбат карда гуфтем, ки фарзандонатонро баргардонед, вагарна тибқи қонун ҷазои вазнинтар мегиранд».
Масъулони додситонии низомии минтақаи Кӯлоб мегӯянд, нисбат ба ин ҳодиса парванда боз шуда, таҳқиқи он ҷараён дорад. Бо ин ҳам ҳанӯз сабабҳо ва ангезаҳои фирори ин сарбозон эълом нашудааст.
Аммо сарпечӣ аз хидмат дар артиш яке аз сабабҳои фирори ин ҷавонон ҳадс зада мешавад.
Зимнан сарбозони фирорӣ аз навоҳии гуногуни Тоҷикистон ҳастанд, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ ба хидмат дар сафи Артиши миллӣ даъват шуда будаанд.
Тафсилоти бештари ин хабар баъдтар нашр хоҳад шуд.