Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дарёи фасод" муфтии Қирғизистонро "ғарқ" кард


Чӯбақ- Ҳоҷӣ Ҷалилов, муфтии барканоршудаи Қирғизистон.
Чӯбақ- Ҳоҷӣ Ҷалилов, муфтии барканоршудаи Қирғизистон.

Муфтии Қирғизистон, ки ба фасод муттаҳам мешуд, барои рафтан аз мақоми раиси Шӯрои уламо аризаи истеъфо додааст.

Чӯбақ-Ҳоҷӣ Ҷалилов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ба далели вазъи саломаташ истеъфо медиҳад: “Албатта, бе шамол барги дарахт намеҷунбад. Ман ду сол дар ин симат кор кардам. Ду сол дар пеши таърих муддати ночизест, вале дар асл муддати каме нест. Мо дар ин муддат ба дастовардҳои зиёд ноил шудем. Ва ман мехоҳам, ки ягон нафари дигар дар мақоми муфтӣ қувваашро биозмояд. Аз сӯи дигар, вазъи саломатам ҳам каме бад шудааст. Аз ин рӯ, ман меравам.”

Чӯбақ-Ҳоҷӣ Ҷалилов моҳи июли соли 2010 муфтии Қирғизистон интихоб шуда буд. Мухолифонаш ӯро ҳатто ба ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ айбдор карда, ахиран ба ташкили як муфтиёти алтернативӣ низ иқдом карданд, ки Руслан-Ҳоҷӣ Ҷумъагуловро муфтӣ интихоб кард.

Аммо Чӯбақ Ҷалилов мегӯяд, истеъфои ӯ рабте ба фишорҳои афзоянда аз сӯи ин муфтиёти алтернативӣ ё гурӯҳҳои дигари мунтақид надорад: “Ин муфтиёт хандаовар ва мисли он аст, ки се нафар дар як русто ҷамъ шуда, Эшмат ё Тошматро раисиҷумҳури ин деҳа интихоб кунанд. Фақат касе муфтӣ шуда метавонад, ки аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯрои уламо овозаш диҳанд. Ин мақом бозича нест, ки ҳар касе ки дилаш хост, муфтии худашро интихоб кунад.”

Аммо Руслан-Ҳоҷӣ Ҷумъагулов – муфтии алтернативии Қирғизистон ва аз мунтақидони асосии муфтии расмӣ – истеъфои Чӯбақ Ҷалиловро на натиҷаи бад шудани вазъи саломати ӯ, балки ҳосили бевоситаи муборизаи тарафдорони худ меҳисобад. Оқои Ҷумъагулов дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, Ҷалилов ва атрофиёнаш чунон дар дарёи фасод ғарқ шудаанд, ки ӯ дигар ягон ҳаққи маънавии раҳбарӣ бар мусалмонони кишварро надорад:

“Дар ин ду соле, ки ҳамчун муфтӣ кор кард, ӯ дар асл муфтӣ ҳам набуд. Сараш як одам буду чашму гӯшаш як одам ва дасту пояш – як одами дигар. Ӯро атрофиёнаш идора мекарданд ва дар ниҳоят аз пушти ҳамонҳо бадном шуд. Ҳам аз пули Ҳаҷҷ мезаданд ва ҳам аз пули вақф. Нархи сафари Ҳаҷҷ 2300 доллар буд, вале аз зоирон 3000 ҳам мегирифтанду 3500 ҳам. Магар ӯ бо маоши муфтиёт метавонист дар мавзеъи бонуфузи Кӯкҷар дар баҳои 35 000 доллар замин бихарад ва барои худ манзили дуошёна бисозад? Ин магар фасод нест?”

Руслан Ҷумъагулов гуфт, ин аъмоли муфтӣ ва атрофиёнаш обрӯи муфтиётро хеле поён овард ва 24 тан аз аъзои Шӯрои уламо аз Чӯбақ Ҷалилов расман ва ба таври катбӣ худро аз Чӯбақ Ҷалилов канор гирифтанд. Дар чунин шароит, афзуд ӯ, Ҷалилов илоҷи дигаре ба ҷуз аз рафтан надошт. Муфтии алтернативии Қирғизистон гуфт, ниҳоди зери назари ӯ бо нафаре, ки ҷойгузини Чӯбақ Ҷалилов хоҳад шуд, ҳамкорӣ хоҳад кард, вале барои рафъи тамоми ихтилофоти бархоста дар ҷомиаи динии Қирғизистон баргузории як қурултой бо ҷалби намояндагони тамоми гурӯҳҳои мусалмониро зарур мешуморад:

“Мо бо муфтии нав ҳатман ҳамкорӣ хоҳем кард, зеро мо алайҳи қонуну алайҳи шариат ва алайҳи оинномаи муфтиёт нахоҳем рафт. Аммо муфтиро бояд аъзои собиқи Шӯрои уламо интихоб кунанд, на аъзои наваш, ки Чӯбақ Ҷалилов ғайриқонунӣ аз ҳисоби тарафдорони худ ташкил додааст. Мо мехоҳем баъди Рамазон барои интихоби муфтӣ як қурултойи бузург даъват кунем. Кӣ баранда мешавад дар он, фақат Худо медонад.”

Чӯбақ Ҷалилов ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди тарки мақоми муфтӣ мехоҳад дар донишгоҳи исломии Қирғизистон мударрис шавад, вале агар ӯро дар онҷо напазиранд, машғули таҳқиқот дар риштаи ихтисосаш - диншиносӣ - хоҳад шуд. Ӯ ҳамагӣ 37 сол дошта, соли 1996 донишгоҳи исломии ба номи Ҳазрати Умари шаҳри Бишкек ва дар соли 2006 донишгоҳи Маккаро хатм кардааст.

Баъди парвози босуръат то мақоми муфтӣ – баландтарин мақоми мазҳабӣ дар Қирғизистон - ситораи Ҷалилов бо ҳамон суръат рӯ ба суқут овард. Вале тарафдоронаш мегӯянд, ки Чӯбақ Ҷалилов дигарбора ба саҳна бар хоҳад гашт. Вале кай ва ба кадом сурат, фақат бо гузашти вақт маълум хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG