Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генералҳои рус аз асп фаромадаанду аз узангу не


Бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон идома музокирот барои тамдиди пойгоҳи 201-и Русияро тасдиқ мекунад ва мегӯяд он ройгон нахоҳад буд, генералҳо рус гаштаву баргашта изҳор менамоянд, ки Душанбе усулан ба тамдиди ҳузури ин пойгоҳ мувофиқат кардааст.

Рӯзи душанбе вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор намуд, ки то ҳанӯз дар бораи шароити тамдиди ҳузури нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон чизе гуфта наметавонад, зеро музокирот ба анҷом нарасидааст: "Тақдими ҳар гуна иттилоъ дар бораи музокирот: маблағ ва ё муддати
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон.
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон.
(тамдиди ҳузури нерӯҳо) имкон надорад ва ман чизе гуфта наметавонам, зеро музокирот идома дорад. Ба фикрам то интиҳои музокирот набояд кадом вазире ва ё кадом сиёсатмадоре шарҳу арзёбӣ кунад."

Ин дар ҳолест, ки рӯзи душанбе фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия генерал-полковник Владимир Чиркин изҳороти қаблиаш дар бораи таваққуфи сармоягузории пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро канор гузошта, иброз дошт, ки ҷонибҳо усулан ба созиш расидаанду Маскав пешниҳод кардааст, ки сарбозони рус дар бузургтарин пойгоҳи русии берун аз қаламрави ин кишвар ба мӯҳлати 49 сол бидуни пардохти маблағ боқӣ монанд. Яъне Русия ба тағйири шароити ҳузури сарбозонаш майл надорад.

Коршиносон мегӯянд, сабаби чунин пештозии фармондеҳон ин аст, ки онҳо воқеиятҳои имрӯзаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро нодида гирифта, намебинанд ва ё намехоҳанд бубинанд, ки имрӯз созмони ОДКБ (Паймони Амнияти дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ) нигарониҳои амниятии кишварҳои минтақаро аз байн набурд ва бар илова ҳоло дар Осиёи Марказӣ бозигарони бузурге ба монанди ИМА ва Чин ҷои пой пайдо карда, омодаанд дар муқобили ҳузурашон пули хубе пардохт намоянд.

Александр Голтс
Александр Голтс
Александр Голтс, шореҳи умури низомии Русия мегӯяд: “Ман бовар дорам, ки Тоҷикистон бо амрикоиҳо ин масъалро баҳс дорад. дар ин бора расонаҳои амрикоӣ сандинм ақола навишта буданд. Албатта хеле хуб мебуд, ки Амрико ва Русия дар ин минтақа як сиёсати амниятии ҳамоҳангшуда пиёда мекарданду ба муқовимат роҳ намедоданд. Феълан мо шоҳиди ин ҳол нестем ва тавре ба назар мерасад, ҳоло Тоҷикистон саъй дорад, каме тиҷорат карда, аз Русия пули бештар ба орад".

Ба қавли Голтс, на танҳо Тоҷикистон, балки Узбакистону Қирғизистон ҳам аз паймони ОДКБ( СПАД) дилсард шудаанду Тошканд узвияташ дар онро мутаваққиф карда, Бишкек ишора кардааст, ки дар муқобили тамдиди ҳузури пойгоҳи ҳавоии Кант аз Русия пули иловагӣ мехоҳад.

Фикри Голтсро хонум Лилит Геворгян-шореҳи умури ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ дар пажӯҳишгоҳи Ҷейни шаҳри Лондон дастгирӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, воқеан дар шароити ҳозира минтақаи Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷӯҳи кишварҳои абарқудрат қарор дорад ва онҳо низ мефаҳманд, мки метавонанд вазъро ба нафъи худ истифода баранд.

Вале ба гуфти ин хонум, имконоти ба истилоҳ манёври Тоҷикистон камтар аст: “Фарқ миёни Тоҷикистону Узбакистон ин аст, ки Тошканд метавонад мисли гузашта бо Русия ба истилоҳ “бозӣ “кунад. Вале Тоҷикистон аз нуқтаи назари иқтисодӣ заифтар аст ва наметавонад чунин вазъро зиёд тӯл диҳад. Ба фикрам баҳсҳои Тоҷикистон рӯи ҳамон пулест, ки метавонад ба даст орад, вале усулан ба ҳузури сарбозони Русия дар ин кишвар мухолиф нест".

Ба қавли хонум Геворгян, соли 2014-ум ҳам созиши даҳсолаи ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба поён мерасад ва ҳам сарбозони эътилофи
Сергей Строкан
Сергей Строкан
байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО аз Афғонистон берун мешаванд, яъне то он замон тамоми паҳлӯҳои созиш ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

Сергей Строкан-шореҳи ҳафтаномаи “Коммерсант”, чопи Маскав мегӯяд, ӯ шубҳа надорад, ки музокирот бо муваффақият ба анҷом мерасад, зеро пойгоҳи низомии Русия кафили амнияти дохили Тоҷикистон низ мебошад: “Воқеан, ин пойгоҳ ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон хеле муҳим аст. Президент дар дохил бо шумори муайяни мушкилиҳо рӯ ба рӯ мебошад. Ин пойгоҳи бидуни шубҳа як омили амният ва ба вижа амнияти дохилии Тоҷикистон аст."

Хуллас, тамдиди ҳузури пойгоҳ масъалаи зоҳиран ҳалшуда аст, вале шароити ин ҳузури то ҳанӯз мавриди баҳс аст.
XS
SM
MD
LG