Чун дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия сокинони зиёди Бадахшон кору зиндагӣ мекунанд, дар рӯзи аввали даргириҳои Хоруғ мардуми ин вилоятро дар Русия нигарон сохт. Онҳо 24-уми июл дар соатҳои аввали оғози даргириҳои Хоруғ дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон тазоҳурот барпо карданд.
Ширкаткунандагони тазоҳуроти эътирозӣ хостори қатъи амалиёти низомӣ ва хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳ аз қаламрави вилоят шуданд. Онҳо тақозо карданд, ки барои дарёфти хабар аз вазъи хонаводаҳояшон дар Бадахшон, махсусан дар Хоруғ, ҳукумати Тоҷикистон ҳар чӣ зудтар иртиботи телефонӣ ва интернетӣ бо ин минтақаро барқарор кунад.
Як рӯз пас, 25-уми июл баъд аз оғози даргириҳои миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи мусаллаҳи Толиб Айёмбеков сокинони Бадахшони муқими Маскав ва манотиқи дигари Русия дар ҳамоише Шӯрои фавқулоддаи ваколатдор ташкил карданд ва аз ташкили он ба сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.
Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав ва аъзои шӯрои мазкур, ин хабарро тасдиқ кард. Ин Шӯро аз 8 нафар шахсиятҳои шинохтаи Бадахшон, ки дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия ба сар мебаранд, иборат мебошад.
Онҳо Муқим Майбалиев, Сулаймон Шоҳзода, Олими Ширинбек, Ҳабиб Фаридунов, Анзор Назархудоев, Фахриддин Одилбеков, Алдиз Диловаршоев ва Меҳмоншоҳ Меҳмоншоев мебошанд.Ҳадафи шӯро дастрас кардан ва расондани иттилои дақиқу дуруст ба мардуми Бадахшони муқими Русия дар бораи вазъи Хоруғ ва хонаводаи онҳо дар Бадахшон мебошад.
Ин шӯро ба нишонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, муроҷиатномае таҳия ва ба сафорати Тоҷикистон тақдим кард. Муроҷиатнома аз роҳи сафорат ба зудӣ ба раисиҷумҳур фиристода шуд. Дар он аъзои Шӯро аз эълони оташбас дар Хоруғ истиқбол кардаанд, вале чанд дархости дигари худро низ ба миён ниҳодаанд.
Аз ҷумла, онҳо баровардани нерӯҳои мусаллаҳ аз қаламрави вилоят ва барқарор кардани иртиботи телефонӣ бо шаҳри Хоруғ ва манотиқи дигари Бадахшонро тақозо нумудаанд. Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав, изҳор дошт, ки бо аъзои ин шӯро мулоқоти тӯлонӣ доштааст ва сафорат омода аст бо ин шӯро ҳамаҷониба ҳамкорӣ кунад.