Ба ин тартиб Илҳом Рустамов ва Зафар Расулов ба 29 сол, Маҳмадҷон Рӯзиев ба 26 сол ва Хаём Сафаров ба 12 соли ҳабс бо мусодираи амвол равонаи зиндони низомаш вазнин шуданд.
Ба иттилои масъулони додгоҳи шаҳри Душанбе таҳқиқи муқаддотӣ ва додгоҳӣ собит кард, ки дар воқеъ Илҳом Рустамов, бо маслиҳати пешакӣ ҳамроҳ бо Зафар Расулов ва Маҳмадҷон Рӯзиев, бо мақсади барнагардонидани маблағи қарзи Манучеҳр Мирзоев дар ҳаҷми 115 ҳазор сомонӣ ӯро дар ҷои кораш, нуқтаи саррофӣ ва ё мубодилаи асъор бо истифода аз арматура ва силоҳи сард ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд.
Ин ҳодиса соати 14:30 дақиқаи 23 сентябри соли 2009 дар маҳалли кори Манучеҳр Мирзоев, ки дар ҳудуди театри «Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» воқеъ аст, рух додааст.
Тақҳиҳи додгоҳӣ мушаххас кард, ки Маҳмадҷон Рӯзиев аз Мануҷеҳр Мирзоев ба маблағи беш аз 115 ҳазор сомонӣ қарз гирифта ва ба хотири барнагардонидани ин маблағ даст ба ҷунин куштори бераҳмона задааст.
Ҳамчунин тафтишот муқарар кардааст, ки Маҳмадҷон Рӯзиев бо ҳамроҳии Хаём Сафаров дар ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми 1,5 кило ҳашиш ва ҳероин даст дорад.
Ба иттилои масъулони додгоҳ дар ҷараёни таҳқиқ маҳкумшудагон пурра ба гуноҳи худ ҳам дар куштори Мануҷер Мирзоев ва ҳам дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир иқрор шуданд.
Маҳкум ба зиндон шудани чаҳор нафар ба қатли Манучеҳр Мирзоев, соҳиби яке аз саррофиҳои шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки аввали соли ҷорӣ додгоҳи Суғд як сокини ноҳияи Истаравшанро дар қатли саррофи маҳаллӣ ва ҳамсараш гунаҳкор донист ва ба ҳабси абад маҳкум кард.
Додгоҳ Фахриддин Мирбобоев, сокини Истаравшанро мутобиқи ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои куштор ва роҳзанӣ муҷрим шинохт.
Қатли саррофи 36-солаи истаравшанӣ -- Шӯҳрат Ҷалолов ва ҳамсари ӯ шаби 22-юми августи соли 2011 рух дода буд.
Афзун бар ин охири соли гузашта ду тан сарроф дар шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи як ҳамла дар маҳаллаи "Чоршанбебозор"-и шаҳри Хуҷанд дар назди манзилашон бо истифода аз силоҳи «Калашников» кушта шуданд.
Ҳамчунин ҳудуди ду моҳе пеш, соати 7-и пагоҳии 11 июни соли равон ашхоси номаълум дар кӯчаи Амиршоеви шаҳри Душанбе бо истифода аз яроқи оташфишон аз Сунатулло Файзуллоев, корманди нуқтаи мубодилаи асъор ва Хуршед Саидов, корманди мағозаи фурӯши телефонҳои мобилӣ, воқеъ дар бинои Маркази савдои «СУМ»- 95 ҳазор доллари амрикоӣ ва маблағи калон ба пули русиро тасарруф намуда, фирор карданд. Онҳоро дар роҳ ба сӯи маҳаллаи Зарафшон ҷабрдидагон таъқиб мекунанд, аммо мавриди тирандозии афроди ғоратгар қарор мегиранд.
Ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ, гумонбаршудагон дар кӯчаи Зарафшон ба назди бинои 29 «а» омада, автомашинаашонро дар онҷо партофта, ба ронандаи автомашинаи «Нексия», рақами қайди давлатиаш 22-91 АМ РТ/01 Муҳиддин Азимзода, сокини ноҳияи Ҳисор, ки ба шӯстушӯи автомашинааш машғул буд, ҳуҷум намуда, бо истифодаи яроқи оташфишон ва таҳдид автомашинаашро гирифта, ба самти Душанбе - Турсунзода фирор менамоянд.
Аммо, дар пайи амалиёти муштараки вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Рустам Ашӯров, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Душанбе ва Қутбиддин Содиқов, соли таваллудаш 1975, сокини ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шуданд.
Ҳангоми боздошт аз Рустам Ашӯров ду таппончаи «Макаров» бо ҳафт тир ва 15 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз Қутбиддин Содиқов 395 ҳазор рубли русӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Масъулони Бонки Миллӣ сабаби афзоиши ҳамла ба саррофон ё соҳибони нуқтаҳои мубодилаи асъорро дар пурра таъмин набудани амнияти онҳо дар ҷойи кор медонанд.