Аксар коршиносон қатъи иртибот бо Бадахшонро кори Хадамоти алоқа ба раҳбарии Бег Зуҳуров медонанд ва мегӯянд, далелҳои пешниҳодкардаи ин хадамот бо чунин соддагӣ эътибори ин ниҳодро поин мебарад.
Қатъи иртиботи телефонӣ ва маҳрумияти сокинони Бадахшон аз дастрасӣ ба интернет рӯзҳои охир дар матбуоти баъзе кишварҳо сару садоҳо ба бор овард ва созмонҳои байналмиллалӣ низ онро мухолифи муқаррароти байналмиллалӣ донистанд. Масалан, созмони Дидбони ҳуқуқи башар бар ин нукта ишора карда ва гуфт, чунин тасмим аҳолиро аз иртибот бо аъзои хонаводаашон маҳрум кардааст.
Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бошад, тиреро “гунаҳкор”-и қатъи иртибот дар Хоруғ эълон кард: “Ба хатти нурие, ки алоқа мегузарад, аз тарафи иштирокчиён тир расидагӣ аст. Шумо медонед, ки хатти нурӣ ба воситаи ҳаво мегузарад, Ҳамааш ҳамроҳи ҳамон сим меравад...”
Ин суханон ба зудӣ ба таври истеҳзоомез дар матбуоти дохиливу хориҷӣ бозтоб ёфт. Албатта, қатъи иртибот бо ҳадафҳои амниятӣ дар ҳар кишвар, аз ҷумла дар Амрикову Аврупо низ иттифоқ меафтад. Вале мақомот ва ширкатҳои пешниҳодкунандаи хадамоти телефонӣ ё интернетӣ ба зудӣ муштариён ё мардумро аз он огоҳ мекунанд ва барои чунин иқдом бахшиш мепурсанд.
Катарина Соликова, рӯзноманигор ва сокини шаҳри Прага, чунин мегӯяд: “Аз онҳо узр мехоҳанд ва саъй мекунанд сабабҳои онро бештару бештар тавзеҳ диҳанд. Мегӯянд, қатъи хадамоти телефонӣ ё интернетӣ ба амалиёти амниятии нерӯҳои пулис ё ниҳодҳои дигари амниятӣ иртибот дошт. Дар рӯзҳои баъдӣ низ дар ин бора маълумоти бештар пахш мешавад.” Мусоҳиби мо мегӯяд, дар чунин ҳолат боварии мардум аз ҳукумат ва ширкатҳои пешниҳодкунандаи хадамоти алоқа коста намешавад. Балки онҳо дарк мекунанд, чунин амалиёт ба нафъи онҳост ва ба хотири таъмини амнияти онҳо анҷом гирифтааст.
Дар навор: "Повороти аэропорт" - танҳо умеди дарёфти хабар аз вазъи Хоруғ
Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи “Озодагон” ва торнамои ҳамноми ин нашрия, ки чанд рӯз дастрасӣ ба он низ дар Тоҷикистон қатъ шуда буд, аз ҳамин ақида ҳимоят мекунад. Вай мегӯяд, ягона роҳ ин аст, ки ба мардум дар чунин ҳолатҳо касе аз мақомот таъбири нодурустро пешкаш накунад, то мардум онҳоро ба истилоҳ “дурӯғгӯ” нашуморанд.
“Шаффофият дар асли худ бовар ба мардум аст. Сабабҳои бепояе, ки пешниҳод мешавад, нишонаи то ҷое бовар накардан ба мардум аст. Агар ҳукумат биёяд ва бигӯяд, ки ба сабаби амнияти Шумо мо ин корро мекунем, мардум мефаҳманд. Агар баҳонаеро оварданду мардум фаҳмиданд, ки он сохта аст, онҳо бовар намекунанд ва мегӯянд, вай дурӯғгӯст. Ин ба обрӯи он шахс ё корхона ҳатман таъсири манфӣ мерасонад”,-афзуд ҷаноби Сӯфӣ.
Мардуми Тоҷикистон дар марҳилаҳое дар гузаштаи наздик шоҳиди сабабҳои сохта ё “бозӣ”-ҳои Геннадий Онишенко, раиси “Роспотребнадзор” ё ба истилоҳ сардухтури Русия буд, ки меваҳои хушки Тоҷикистонро “гунаҳкор” мекард ё мегуфт, муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия бемории полиомелит меоранд. Онишенко дар мавриди Гурҷистону Беларус ва Украинаву Полша (Лаҳистон) низ ҳамин гуна маҳдудиятҳо эълон карда буд ва шаробу гӯшт ё шири ин кишварҳо “гунаҳкор” мебаровард.
Албатта, ин баҳонаҳо ҳадафҳои сиёсиро дунбол мекард ва ҳар шахси закӣ ба зудӣ “нимкосаи зери коса”-ро пай мебурд. Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик, эълони “тир хӯрдани сими телефони Хоруғ”-ро аз ҳамин гуна “далел”-ҳо медонад. Вай мегӯяд, Хадамоти алоқа дар мавриди қатъи иртибот бо Хоруғ метавонист эълон кунад, ки бар асоси муроҷиати ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ва бо тасмими додгоҳ иртиботи телефонӣ ва интернетиро дар ин ё он минтақаи Тоҷикистон бо ҳадафҳои амниятӣ қатъ мекунанд.
Аммо ба гуфтаи ӯ, “ҳар гоҳ, ки ин гуна корҳо анҷом мегирад, онҳо худро хандахариши мардум мекунанд. Зимни бастани сайтҳои “Тоҷнюз”, “Авесто” Бег Сабурович гуфта буд, ки ноқил бурида шудааст. Кормандони “Тоҷнюз” ҳам ба ҳамон шеваи истеҳзоомез чанд метр ба вай сими телефон тӯҳфа бурда буданд. Боз ҳам қатъи иртиботе, ки дар ин рӯзҳо иттифоқ афтод, кори носанҷидашудае буд. Чунин кор баёнгари сифати менеҷменти давлатӣ дар Тоҷикистон аст.”
Дӯстов бар ин ақида аст, ки дар кишварҳои худкома ҳукумат ба шахсоне мисли Бег Зуҳуров ва Геннадий Онишенко кореро дастур медиҳад ва он ба менеҷменти онҳо вобаста аст, ки дастурро чӣ тарз иҷро мекунанд, ба шеваи аҳсант ё баръакс, ба гунае, ки мантиқи заифи онҳоро мардум хеле соддаву зуд пай мебаранд.