Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости депутати боздоштшудаи қирғиз аз Тоҷикистон


Шаҳрванди Қирғизистон, Икром Сиддиқов, тақозо дорад, замони тафтиши парвандааш ба ҳайси вакили маҷлиси шаҳри Бодканд ӯро аз маҳбас раҳо кунанд.

Сиддиқов яке аз се шаҳрванди қирғиз аст, ки моҳе қабл зимни қочоқи 90 кило симоб дар ҳудуди Исфара аз сӯи милисаи тоҷик дастгир шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад.

Ҳимояти Икром Сиддиқов, вакили маҷлиси шаҳри Бодкандро нав вакили дифои тоҷик аз Хуҷанд, Абдураҳмон Тӯраев, бар дӯш гирифтааст. Вай рӯзи 1-уми август баъд аз дидор бо зерҳимояаш гуфт, Сиддиқов даъво дорад, то замоне ки гуноҳи ӯро додгоҳ таъйид накардааст, вай вакили шаҳри Бодканд боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, бо назардошти ҳаққи дахлнопазирии вакилиаш ин шаҳрванди қирғиз аз мақомоти тоҷик тақозо дорад, ӯро аз маҳбас раҳо кунанд: "Мо ба додситонии вилояти Суғд дар бораи иваз кардани чораи пешгирӣ замони тафтиши парванда, яъне озод кардани вай аз ҳабси пешакӣ дархост ироа мекунем."

Ба гуфтаи вакили дифоъ - Тӯраев, Икром Сиддиқов 52-сола буда, аз тоҷирони муваффақи вилояти Бодканд ба шумор меояд, то замони боздошташ ба иттиҳоми қочоқи симоб вай ба фермерӣ машғул буд. Аммо манобеъи ғайрирасмӣ Сиддиқовро аз чеҳраҳои маъруфи тиҷорати сӯзишвории нақлиётӣ дар марзи байни Суғду Бодканд ном мебаранд.

Ҷаноби Сиддиқов ва ду шарикаш: Чингиз Абдураҳмонов ва Манасбек Нодировро шоми 20-уми июн кормандони милисаи тоҷик дар ҳудуди шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфара зимни қочоқи 90 кило симоби сурх дастгир карда буданд. Баъди боздошти вай афроди наздикаш дар шаҳри Бодканд гурӯҳи шаҳрвандони тоҷикро ба гарав гирифта, ба раҳоии гурӯҳи дастгиршуда, ҳангоми қочоқи симоб талош карданд. Аммо мақомоти қирғиз шарти гаравгонгирҳоро напазируфтанд ва гурӯҳе аз гаравгонгирҳоро бо роҳи гуфтушунид ва гурӯҳеро бо зӯрӣ аз қайди гарав раҳо карданд. Икром Сиддиқов ба вакили дифои худ гуфтааст, зимни ҳодисаи гаравгонгирӣ писари 23 солаи вай, Чингиз Айтматов дар натиҷаи зарбу лат ба ҳалокат расидааст.

Ҳодисаи гаравгонгирӣ нигаронии ҷиддии мақомоти тоҷику қирғизро ба бор оварда буд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғду Бодканд дар Исфара бо ҳам мулоқот карда, эълон доштанд, ҳодисаҳоро аз рӯи қонун таҳқиқ ва муҷримонро муҷозот хоҳанд кард.

Вале то куҷо даъвои вакили маҷлиси шаҳри Бодканд, Икром Сиддиқов, ки дар маҳбаси Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад, дар мавриди риояти ҳаққи дахлнопазириаш дар Тоҷикистон асоси қонунӣ дорад?

Фарҳод Қурбоналиев, ҳуқуқшинос дар созмони ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи «Адвокати ту» дар Хуҷанд мегӯяд, ба вакили қирғиз ин ҳақро Конвенсияи Кишинёв аз соли 2002 медиҳад, ки зери он сарони кишварҳои ҳамсуд имзо гузоштаанд. Вай афзуд, банди 1–и ин санад бархӯрдории шаҳрвандони ин кишварҳо аз ҳама гуна ҳуқуқҳову ваколатҳои худ замони будубош дар кишварҳои якдигарро кафолат додааст: "Бинобар ин мебоист мақомоти Тоҷикистон ҷониби қирғизро дар ҷараён гузошта, ризояти вакилони маҷлиси шаҳри Бодканд дар мавриди ҳабси пешакии Икром Сиддиқовро мегирифт."

Вале мақомоти Суғд бар онанд, ки ба дастгир кардани вакили маҷлиси шаҳри Бодканд ба ҳаққи дахлнопазирии вакилии вай латмае ворид накардааст, чунки қонунгузории Қирғизистон дастгир кардани вакилро вақти содири ҷиноят иҷоза медиҳад. Мақомоти интизомии Суғд гурӯҳи дастгиршудаи қочоқбари симобро «гурӯҳи ҷиноии фаромиллӣ» ном мебаранд ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ мутобиқи бандҳои 206, қисми 3 :«муомилоти ғайриқонунӣ бо моддаҳои сахттаъсир бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан» ва 289, қисми 2: «қочоқ» - и Асноди ҷиноии Тоҷикистон боз шудааст.

Яке аз боздоштшудаҳоро аз гурӯҳи се нафарии қирғиз, Манасбек Нодиров, ронандаи автомобили «Мерседес», ки дар он симоб интиқол меёфт, мақомоти интизомии Суғд ба ҷониби қирғиз супурданд, дигар ду нафар аз ин гурӯҳ дар боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳамчунин бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо ин гурӯҳ як шаҳрванди Тоҷикистон, Ёқубҷон Ҳомидов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ боздошт шудааст.

Дар пайи ин ҳодиса гурӯҳе аз афроди наздик ба боздоштшудаҳо рӯзҳои 21 ва 22 – юми июн як гурӯҳ сокинони Исфара ва 8 ронандаи тоҷикро, ки бо Камаз- ҳои худ аз Чин бармегаштанд, дар қаламрави Бодканд, ба гарав гирифтанд. Вале мақомоти Бодканд гаравгонҳоро бо роҳи гуфтушунид ва гурӯҳи дуюмро бо истифодаи зӯрӣ раҳо карданд.

Ҳодисаи гаравгонгирӣ нигаронии ҷиддии мақомоти ҷонибҳои тоҷику қирғизро ба бор овард ва ҷонибҳо ба таҳқиқи амиқи ҳодиса ва муҷозоти муҷримон аҳд карданд.
XS
SM
MD
LG